Спитамен: Тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон
Хуҷанд, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Спитамен рӯзи қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» аз ҷониби и.в. раиси ноҳия Ориф Хоҷазода доир мешавад. Дар ин рӯз тамоми роҳбарони масъул арзи мардумро шунида, онҳоро ба зудӣ ҳалл менамоянд.
Бино ба ҳисоботи масъулини шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия дар зарфи 6 моҳи соли равон ба қабули раиси ноҳия ва дар ҷойҳо 357 (дар ин давраи соли 2014- 251) шаҳрванд муроҷиат кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандон бо масъалаи мусоидат намудан барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, масъалаҳои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сохтмон, расонидани ёрии моддӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, табобати ройгон муроҷиат намудаанд.
Шанбеи гузашта зимни қабул сокинони ҷамоати деҳоти Куруш ва Т.Улҷабоев аз раиси ноҳия хоҳиш намуданд, ки барои пайвандони маъюбашон аробача лозим аст. Бо супориши и.в. раиси ноҳия дар ҳамон рӯз 2 аробачаи маъюбӣ дастрас шуда, ба сокини ҷамоати деҳоти Т. Улҷабоев Т. Эралиева ва сокини 11 солаи ҷамоати деҳоти Куруш Раҳимҷон Тоҷибоев тақдим гардид.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






