Стратегияи имрӯз қабулшаванда аз лиҳози рӯҳияву ҳадафҳояш метавонад бо ғояҳои бунёдии Хартияи СҲШ муқоиса шавад, — Э. Раҳмон

Июль 10, 2015 09:18

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Стратегияе, ки  имрӯз  қабул карда  мешавад, ҳуҷҷати  басо  муҳим  буда, аз  лиҳози   рӯҳияву  ҳадафҳояш  метавонад бо  ғояҳои  бунёдии  дар  Хартияи  СҲШ  ифодаёфта  муқоиса  карда шавад. Он  саъю    кӯшиши  умумиро барои  дидани  Созмони  мо ба  ҳайси   созмони қавие  инъикос  менамояд, ки чун  яке  аз  иштирокдорони  бонуфузи  низоми  муносибатҳои  байналмилалӣ фаъолият намуда, баҳри   таъмини  сулҳу  амният  ва  пешрафти  иқтисодию иҷтимоӣ дар  минтақа хидмат  мекунад», — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 июл дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ. 
Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар ҷаҳони аз ҳам  вобастаи  Созмони Ҳамкории Шанхай талаб карда мешавад, ки ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, эътино карда шавад. Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо ин мушкилоти тезутунд, ки хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мубориза барад. Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ оид ба мушкилоти хатари маводи мухаддир, ки дар охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, бори дигар инро тасдиқ карданд. Мо чунин меҳисобем, ки натиҷаҳои конфронс метавонанд  замина барои Стратегияи ояндаи зиддимухаддиротии   давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2017-2022 гарданд ва ин ба маълумоти иштирокдорони Ҷаласаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расонида шавад.
    «Мо муътақидем, ки вазифаи ниҳоят муҳим дар чаҳорчӯби СҲШ бояд ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар самтҳои зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳо бо Афғонистон бошад. Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ба мо дӯст марҳилаи наву махсусан муҳими рушди хешро аз сар мегузаронад. Мо ба таври махсус ба он ҳавасмандем, ки мардуми Афғонистон ба таври ниҳоӣ ба роҳи сулҳ, ризоияти миллӣ ва барқароршавӣ равона гардад. Тоҷикистон минбаъд низ гузоштани ҳиссаи амалии худро дар кори барқарорсозӣ ва рушди давлати ҳамсоя идома медиҳад», — зикр намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

 

Июль 10, 2015 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид