Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев

Июль 6, 2015 11:44

Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугўи телефонӣ баргузор гардид.
Сарвари Тоҷикистон Нурсултон Назарбоевро бо ҳафтоду панҷумин солгарди ҳаёти бобарокаташ самимона табрик гуфта, барояш саломатии қавӣ ва комёбиҳои навин орзу кард.
Зимни суҳбати гарму бародарона ибрози умед шуд, ки иртибототи дўстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.

Июль 6, 2015 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш