Суғд: “Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ”-озмун

Июль 3, 2015 06:51

Душанбе, 3.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Соли оила моҳи сентябри соли 2015 дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ” баргузор мешавад. Озмун бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги волои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои дӯзандагии миллӣ, тарғиби либос аз матои табиии атласу адрас роҳандозӣ гардидааст.
Тавре ки дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, дар озмун тарроҳон, дизайнерон, ва тамсиласозони либос аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, новобаста аз синн, намудҳои гуногуни ташкилот ва соҳибкорони инфиродие, ки дар соҳаи хизматрасонии маишии аҳолӣ фаъолият мебаранд, иштирок карда метавонанд.
Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур байни тарроҳ — тамсиласозон ва дизайнерони либос аз рӯи номгӯйҳои “Беҳтарин либоси рӯзмарра бо унсурҳои миллӣ”, “Беҳтарин либоси идона бо унсурҳои миллӣ”, “Беҳтарин либоси арӯсон бо унсурҳои миллӣ”, “Беҳтарин либоси кории кормандони соҳаи хизматрасонӣ” гузаронида мешавад ва ғолибон бо мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми аз 500 то 2000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамзамон ба нафаре, ки дар бахши “Тарроҳи беҳтарини соли 2015” ғолиб меояд, 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

 

Июль 3, 2015 06:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид