Суди Олии Тоҷикистон адабиётеро, ки ба равияи динӣ-мазҳабии салафия (ваҳҳобия) мансубанд, манъ кард

Июль 1, 2015 06:35

Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ҳалномаи  Суди Олӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои салафия ворид ва паҳн намудани аудио, видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои ба ин равия тааллуқдошта манъ гардид. Фаъолияти равияи салафия бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2009 баҳри таъмини ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват ва низои миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Тавре ки хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад, аз  ҷумла вуруди адабиёти зерин манъ шудааст:
Солиҳ бин Абдулазиз бин Муҳаммад Оли-ш-Шайх. Шарҳу Фазли-л-ислом ли Шайхилислом Муҳаммад Бин Абдулваҳҳоб ат-Таминӣ. -416 саҳ, Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин. Шарҳу Ламъату-л-иътиқод ал-ҳодӣ ила сабили-р-рашод ли-л-имом Муваффақиддин ибн Қаддома ал-Мақдисӣ. -136 саҳ., Муҳаммад бин Носир бин Усмон Оли Муъмир. Фавокиру-л-изоб фи муътақад аш-Шайх Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб. -280 саҳ., Абдулазиз ибни Боз. Ал-Ҷуҳуду-л-ҳадисия. -867 саҳ., Фалоҳ ибни Исмоил Мандакор. Ал-Илоқату байна-т-ташайюъу ва-тасаввуф (арзун ва нақдун). -894 саҳ., Мусоид бин Сулаймон ибн Носир ат-Тайёр. Шарҳу Муқаддима фи усули-т-тафсир ли Ибни Таймия. -382 саҳ., Солиҳ бин Абдулазиз бин Муҳаммад бин Иброҳим Оли-ш-Шайх. Ал-Олиу-л-баҳияти фи шарҳи-л-Ақидати-л-воситая ли Ибни Таймия. Ҷилди 1. -617 саҳ., Ибни Таймия. Ал-Маҷмуату-л-олийя (мин кутуби ва расоили ва фатово). — 168 саҳ., Абӯубайд ал-Қосим бини Салом. Китобу-л-имон. Ҳаққақаҳу Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ. -61 саҳ., Абдулқосим Абдулазим. Фазлу илми-с-салаф ала илми-л-халаф(силсилату расоили-д-даъвати-с-салафия). -128 саҳ.,  Абдулазиз бин Абуллоҳ бин Боз. Фавоиду мина-т-тафсир. -352 саҳ., Убайд бин Абдиллоҳ бин Сулаймон ал-Ҷобирӣ. Тайсиру-л-илоҳ би шарҳиАдиллати шурути ло илоҳа иллалоҳ ли Шайхилислом Муҳаммад бин Абдилваҳҳоб. -64 саҳ.,  Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин. Ал-Усулу мин илми-л-усул рисола мухтасара фи усули-л-фиқҳ. -103 саҳ.

 

Июль 1, 2015 06:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад