Суханронии Э. Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони диаспора ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Бошқирдистони Россия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони диаспора ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия
ш. Уфа, 8 июли соли 2015
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Бисёр шодам, ки имрўз бароям имкони мулоқоти бевосита бо шумо фароҳам омадааст.
Ман дар сафарҳои хориҷии худ ҳамеша кўшиш мекунам, ки агар имкон даст диҳад, бо ҳамватанонамон – намояндагони диаспораи тоҷик ва созмонҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатман дидорбинӣ карда, бо вазъи кору зиндагиашон аз забони худи онҳо огоҳӣ пайдо намоям ва дар доираи имкон барои рафъи мушкилоти онҳо кумак расонам.
Чунин мулоқоту дидорбиниҳои мо тайи солҳои охир дар шаҳрҳои Москва, Бишкек, Остона, Санъои Яман, Ню-Йорк, Пекин ва Сеул сурат гирифта буданд.
Қабл аз ҳама, мехоҳам тазаккур диҳам, ки мавҷуд будани диаспораи тоҷик ва кору фаъолияти зиёда аз шаш ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатиамонро дар Ҷумҳурии Бошқирдистон мо чун падидаи барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ менамоем.
Зеро ин омил дар баробари ин, ки талаботи бозори меҳнати Бошқирдистон мебошад, инчунин ба таҳкими муносибатҳои дўстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва ин минтақаи ободи Федератсияи Россия мусоидат мекунад ва барои ташаккули гурўҳи шарикони рушди кишвари мо аз ҳисоби соҳибкорону коршиносони бурунмарзии тоҷик шароити мусоид фароҳам меоварад.
Шумо имрўз дар кишваре иқомат доред, ки пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ шарики табиӣ ва стратегии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва дар минтақаи АвруОсиё давлати хеле фаъолу бонуфуз аст.
Густариши муносибатҳои гуногунарсаи дўстиву ҳамкории судманд бо Россия ва субъектҳои алоҳидаи он дар стратегияи сиёсии хориҷии мо мақоми хос дорад.
Аслан сатҳ ва муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Россияро на танҳо омилҳои геосиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян мекунанд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия сол аз сол рушду тавсеа пайдо мекунанд. Алҳол Россия дар миёни дигар кишварҳои шарику ҳамкорамон аз лиҳози ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва миқёси тиҷорати дуҷониба бо кишвари мо ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Ҳамгироиву ҳамкории сохторҳои низомӣ, марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии миёни ду кишвар сол ба сол тақвият пайдо менамояд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф, илм ва фарҳангу иттилоот низ хеле назаррасанд. Тавсеаи минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаву гуногунарса, вусъат бахшидани ҳамкориҳои низомиву техникӣ бо ин давлати дўсту бародар умдатарин ҳадафи Тоҷикистон мебошад ва минбаъд низ чунин хоҳад монд.
Дар мавзўи равобити Тоҷикистону Россия сухан гуфта, наметавон мавзўи муҳоҷирати меҳнатиро, ки аз ҷумлаи масъалаҳои бисёр муҳим мебошад, аз мадди назар дур кард.
Бинобар ин, яке аз мавзўъҳое, ки дар мулоқотҳоям бо роҳбарони давлати Россия аз ибтидои солҳои дуҳазорум мавқеи доимӣ дорад, ин ҳаллу фасли масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар ин кишвари паҳновар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар самти ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоии муҳоҷирон, то имрўз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бо дарки аҳамияти масъалаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ибтидои соли 2011 Хадамоти муҳоҷират ба фаъолият шурўъ намуд.
Ҳанўз моҳи октябри соли 2004 барои ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия «Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» ба имзо расида буд. Ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ чандин қонун, инчунин фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа», «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015», «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» ба тасвиб расидаанд ва амалӣ шуда истодаанд.
Барои таҳкими ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бо дарназардошти аз ибтидои соли равон ҷиддан тағйир ёфтани қонунгузории муҳоҷирати Россия, мо дар сатҳи байниҳукуматӣ ба хотири ҳаллу фасли мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатиамон дар назди роҳбарони олии ин кишвари дўст якчанд масъаларо гузоштем.
Сухан дар бораи чӣ меравад?
Аввалан, бо сабаби навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Россия мо ҳарчи зудтар ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон аз 16 октябри соли 2004 комилан зарур мешуморем.
Сониян, бо иштироки ҳар ду ҷониб бояд лоиҳаи се созишномаи нави байниҳукуматӣ – дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, оид ба ҳамкориҳо дар самти суғуртаи иҷтимоиву нафақа ва доир ба муайян намудани мақоми намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҷонибҳо дар қаламрави якдигар – дар давоми соли равон таҳия ва баъдан ба имзо расонида шаванд. Мо ният дорем, ки ҳарчи зудтар ба бартараф кардани як қатор мушкилоти имрўзаи муҳоҷирони меҳнатиамон дар қаламрави Россия муваффақ шавем.
Дар ин самт ман дароз кардани муҳлати фаъолияти корӣ тавассути патент ва будубош дар қаламрави Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 1 то 3 сол бе хориҷ гардидан аз ҳудуди ин кишвар, муқаррар намудани муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент то 90 рўз, зарурати легализатсияи (расмигардонии) муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар Россия ба ҳуқуқвайронкунии ночиз роҳ додаанд, аз ҷониби мақомоти расмии Россия эътироф намудани маълумотнома ва сертификати тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон пеш аз сафар ба кишвари будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дода мешавад ва суръатбахшӣ ба раванди таҳияву имзои аҳдномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо нафақаро дар назар дорам.
Вале баъзе омилу сабабҳое вуҷуд доранд, ки аз худи мо вобастаанд. Қисми зиёди муҳоҷирон, вақте ба Россия азми сафар мекунанд, намедонанд, ки бо чӣ коре машғул хоҳанд шуд. Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки зиёда аз 30 фоизи онҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, ягон ихтисос надоранд. Тахассуси зиёда аз 60 фоизи муҳоҷирон бо корҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба он машғуланд, мутобиқат намекунад. Бе донистани забони русӣ ва бе доштани ихтисоси муайян онҳо фақат ба дарёфти корҳое, ки барои анҷом доданашон донистани забон ва маҳорати касбӣ талаб карда намешавад, умед мебанданд.
Бинобар ин, дар аксари мавридҳо онҳо ба дасти корфармоёни хусусие, ки мехоҳанд қувваи кории арзон дошта бошанд, меафтанд. Корфармои хусусӣ манфиатдор нест, ки ҳуҷҷатҳои коргаронашро тибқи қонун ба расмият дарорад ва ба давлат андоз супорад. Ва ин сабаб мешавад, ки муҳоҷирон ба ҳолати одамоне меафтанд, ки дар ҳудуди кишвари дигар ба таври ғайриқонунӣ будубош доранд. Аз ҷониби дигар, сатҳи ғайрикофии маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии мо боис мегардад, ки бар хилофи қоидаву қонунҳои кишвари будубош рафтор мекунанд ва аз ҷониби кормандони мақомоти марбута аз кишвар хориҷ карда мешаванд.
Дар баробари дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор додани масъалаҳои муҳимми рўзгори муҳоҷирони меҳнатии кишварамон, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон доир ба масъалаи дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин кардани қувваи кории мамлакат ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст. Иншооти азими стратегии ба нақша гирифташуда, ки ҳоло дар кишварамон сохтмони чанде аз онҳо оғоз гаштааст, ҳазорҳо нафар коргарону мутахассисонро метавонанд бо ҷойи кор таъмин намоянд.
Ташкили курсҳои касбомўзӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкорӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин фаъолият дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ ва саноати сабуку хўрокворӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ҳоло дар марҳалаи татбиқи амалӣ қарор доранд ва ба паст кардани сатҳи шиддати муҳоҷирати меҳнатии ҳамватанони мо ба хориҷ аз Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Ва рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандони кишвар торафт кам шуда истодааст.
Ҳамватанони гиромӣ!
Равобити мустақими Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни Россия, ки 67 субъекти Федератсияи Россияро дарбар мегирад, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Бошқирдистон, солҳои охир дар ҳоли густариш аст. Дар ин замина даҳҳо созишномаҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Густариши ҳамкориро бо минтақаҳои Россия мо чун як унсури зарурии муносиботи умумии ду кишвар арзёбӣ менамоем. Умуман метавон гуфт, ки ин раванд, яъне вусъат ёфтани муҳоҷирони меҳнатӣ як падидаи глобалист. Дар ин асос ҷониби Тоҷикистон бисёр манфиатдор аст, ки бо минтақаҳои мутараққии Россия, монанди Ҷумҳурии Бошқирдистон ҳамкории судманд дошта бошад.
Қобили зикр аст, ки Бошқирдистон яке аз аввалин минтақаҳои кишвари Россия буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо он созишномаи ҳамкорӣ баст ва ин иқдом дар солҳои сангину душвори 1990 – ум ба мо имкони то андозае нигоҳ доштани робитаҳои қаблии хоҷагиро фароҳам сохт.
Бошқирдистон солҳои охир дар рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву экологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва барои густариши ҳамкории судманд имкониятҳои зиёд дорад.
Имрўз Тоҷикистону Бошқирдистон намунаҳои равобити судманде доранд, ки аз даврони шўравӣ боқӣ мондаанд ё дар даврони соҳибистиқлолии кишвари мо миёни субъектҳои хоҷагидори соҳаҳои гуногун арзи вуҷуд кардаанд.
Мо ҷонибдор ҳастем, ки ин робитаҳо тавсеа ёбанд ва омодаем ин равандро дар сатҳи давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Барои ин, ба назари мо, дар навбати аввал, зарур аст, ки доираҳои соҳибкорӣ доир ба имконияту ниёзҳои якдигар бештар иттилоъ дошта бошанд.
Соли гузашта раванди ҳамкории Тоҷикистону Бошқирдистон такони зарурӣ ёфт. Қабл аз ҳама, ин таконро сафари порсолаи Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Тоҷикистон дар доираи баргузории саммити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии мо дар чаҳорчўбаи Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва конфронси марбута дар шаҳри Москва дар моҳи октябри соли гузашта эҷод сохтанд.
Имрўз байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон робитаҳои мустақим роҳандозӣ шуда, ҳар ду ҷониб гурўҳҳои корӣ таъсис додаанд ва арсаҳои ҳамкориро муайян кардаанд. Саноати сўзишворӣ ва истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хўрокворӣ, сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мо медонем, ки Бошқирдистон дар ин соҳаҳо имконоти фарох дорад. Дар Тоҷикистон низ чунин имкониятҳо мавҷуданд. Итминон дорам, ки бо саъю кўшиши якҷоя мо қодир хоҳем буд, ки шаклу роҳҳои густариши ҳамкориҳои судмандро пайдо ва амалӣ созем.
Соҳаи туризм ва сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои эҷодӣ ва варзишӣ низ аз самтҳои беҳтарини ҳамкорӣ буда метавонанд.
Дўстони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Россия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият мекунанд. Ин ҷамъиятҳо, ки шумораи онҳо ҳоло ба 82 расидааст, дар баробари иҷрои корҳои марбут ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии муҳоҷирон, иқдомҳои фарҳангӣ низ анҷом медиҳанд ва дар рўзҳои ҷашнҳои миллӣ маъракаҳои шодмонӣ баргузор менамоянд.
Мувофиқи мақсад ва айни муддао хоҳад буд, ки агар ин ҷамъиятҳо ин корро на фақат дар рўзҳои ид, балки дар дигар рўзҳо низ ба роҳ монанд, то ин ки ҳамватанони мо аз фарҳангу тамаддуни хеш ҳамеша бохабар бошанд.
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалае, ки имрўзҳо боиси ташвишу нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ҷалб намоям. Ин масъала фаъолияти беш аз пеш афзояндаи гурўҳи террористии ба ном «Давлати исломии Ироқ ва Шом» ва раванди хатарноки гароиши ҷавонон ба ин ҳаракати ифротиву тундгаро мебошад.
Ҷиноятҳои ваҳшатноки ин гурўҳи террористӣ, ки бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолону занону кўдакон содир намудааст, нишон медиҳад, ки ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ба ном «Давлати исломӣ» беобрў кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст. Зеро ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки эктремизму терроризм, зўровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надорад.
Зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондўстона мебошад. Хусусан, мазҳаби ҳанафии ислом, ки мо пайрави он мебошем ва таълимоти асосгузори он – Имоми Аъзам, ки пири мазҳаби мо мебошад, инсонҳоро ба таҳаммулгароӣ ва муросову мадоро даъват мекунад.
Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, имрўзҳо дар сафҳои гурўҳи терррористии «Давлати исломӣ» ҳазорон нафар террористҳо тақрибан аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз кишварҳои пасошўравӣ, меҷанганд. Шумораи зиёди гумоштагонро шаҳрвандони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо занҳо низ ҳастанд.
Ин ҳолат баёнгари маккориву ҳилагарии тарғиботчиён ва содагиву зудбоварии ҷавонон мебошад, ки ба доми фиреби террористҳо афтода, ба сўи Ховари Миёна роҳ пеш гирифтаанд.
Ҳеҷ каси соҳибақл ва солимфикру огоҳ ба таҷовузкорон ҳамроҳ намешавад. Зеро аз ахбори ҳаррўзае, ки тавассути шабакаҳои телевизионию интернетӣ пахш мегардад, аён аст, ки онҳое, ки худро «эҳёгари исломи ноб» меноманд, душмани исломанд ва дастҳояшон ба хуни мусулмонон ва одамони бегуноҳ оғушта аст.
Ин ҷинояткорон на танҳо бо зиндаҳо, балки бо мурдаҳо низ меҷанганд ва даст ба хароб кардани қабрҳо мезананд.
Осори таърихӣ ва муҷассамаҳои бостоние, ки асрҳои зиёд побарҷо буданд, ҳоло ба хок яксон гаштаанд. Ин ҷинояткорон қасд доранд муқаддасоти зиёди исломиро низ хароб кунанд.
Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки гурўҳҳои тундрав дар бештар маврид дар миёни муҳоҷирон ва онҳое, ки аз муҳити хонавода дур афтодаанд, таблиғоти худро ба роҳ мемонанд. Зеро ҷавононе, ки болои сарашон шахси маслиҳатдеҳ ва насиҳаткунанда надоранд, метавонанд ба осонӣ фирефтаи тарғиботи гурўҳҳои тундрав ва ифротгар шаванд.
Бинобар ин, шумо ҳамдиёрони азиз, ки ба кишвари дўсту бародари Россия бо нияти неки бо меҳнати ҳалол таъмин кардани зиндагии осудаҳолонаи падару модар ва наздикону пайвандонатон омадаед, хуб меҳнат кунед, бо ҳамдиёрон тифоқ бошед, ҳамдигарро дастгирӣ намоед. Онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро ёд диҳанд.
Шумо хуб медонед, ки мардуми тоҷик барои дигарон ҳамеша намунаи одамгариву инсондўстӣ, ахлоқу одоби нек, сулҳу дўстиву фарҳангпарварӣ ва заҳматдўстиву ободгарӣ мебошад.
Дар аксари суҳбатҳое, ки мо бо роҳбарони сатҳҳои гуногуни Россия анҷом медиҳем, ин масъала махсус ва бо миннатдорӣ таъкид мегардад. Ҳар яки шумо бояд ин хислатҳои неку ҳамидаи миллиамонро минбаъд низ пос доред, ҷавононро аз роҳи бад гардонед, аз аҳли хонадон ва наздиконатон, ки дар Ватан ҳастанд, бехабар набошед ва доим дар фикри Ватан, ободии он болоравии обрўи тоҷикон бошед.
Дар хотир дошта бошед, ки мо низ ҳамеша дар фикри шумо ва интизори шумо ҳастем, тамоми саъю талоши худро ба он равона месозем, ки масъалаву мушкилоти кору фаъолият ва будубоши шуморо ҳаллу фасл кунем.
Ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, хушрўзӣ, рўзгори обод ва саодати зиндагӣ орзумандам.
Дар хотима ман ҳозирам фикру андешаҳои шуморо низ фаҳмам.
Саломату сарбаланд бошед!