Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор
(ш. Душанбе, __ июли соли 2015)
Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон,
Дўстони азиз,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Мо имрўз барои пардабардорӣ аз муҷассамаи шахсияте гирди ҳам омадаем, ки бо ному осораш ҳанўз аз даврони мактабхонӣ шинос ҳастем. Робиндранат Тагор – шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ – аз зумраи он бузургонест, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд.
Робиндранат Тагор, ки табъи саршори шоириаш ҳанўз дар ҳаштсолагиаш ба фаввора задан оғоз намудааст, бо фитрати баланд дарёфт, ки ба сарчашмаи андешаҳои зебо, ғановати забон ва фасоҳати калом, ки шукўҳу азамати шеърро муайян мекунанд, танҳо бо зиндагӣ кардан дар миёни мардуми заҳматкаш метавон даст ёфт.
Ошноӣ бо зиндагии мардуми оддӣ пеши дидагони ў ҷаҳони наверо боз кард.
Ў дар ин ҷаҳони нав бо дардҳо, ранҷҳо, беадолатиҳову бемориҳо ошно шуд, ҳамзамон сарвати маънавии миллати бузурги Ҳиндро шинохт ва ба тасвири чеҳраи воқеии он пардохт. Ў пас аз ин беҳтарин осори худро ба вуҷуд овард, достонҳои ҳаяҷонангезе нигошт ва намоишномаҳои камназирро ба риштаи таҳрир кашид.
Лауреати мукофоти Нобелӣ Робиндранат Тагор ба ҳар кишваре мерафт, паёми сулҳ мебурд ва халқҳоро ба ҳамкории маънавӣ даъват мекард. Ўро дар ҳамаи мамолик, чи ғарбиву ва чи шарқӣ, чун меҳмони азиз бо оғўши боз пазироӣ мекарданд.
Адиби бузурги Ҳиндустон фақат шаш сол пеш аз ба истиқлол расидани кишвараш ҷаҳонро падруд гуфт. Аммо бе ҳеҷ шубҳа Тагор бо андешаҳои баландаш то ҳадди зиёде роҳро ба истиқлоли Ватанаш ҳамвору наздик карда буд.
Имрўзҳо, ки кишвари дўсту бародари Ҳиндустон ба таҷлили 68-умин солгарди истиқлоли давлатиаш омодагӣ мебинад, ба яке аз кишварҳои пештози иқтисоди ҷаҳонӣ табдил гаштааст.
Ин ҳама дастовардҳо барои он ба ин кишвари бостонӣ даст додааст, ки тафаккури миллии мардумашро нобиғагоне, монанди Робиндранат Тагор, ташаккул додаанд.
Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ў ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст.
Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дўст – Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.
Бо ибрози табрику таҳният ба ҳамаи Шумо бо ин рўйдоди фархунда изҳори итминон менамоям, ки рўҳи Тагор дар таҳкиму тақвияти дўстию ҳамдилии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон муҳофизу мададгори мо хоҳад буд.
Ташаккур.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






