Тақдими 21 шаҳодатнома ба ҷавондухтарон
Душанбе, 31.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Мавсума Муинӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба 21 ҷавондухтар аз оилаҳои камбизоат шаҳодатномаи дӯзандагӣ, ки тули ду моҳ дар курсҳои омӯзишии дузандагӣ бо дастгирии Кумита таҳсил доштанд, супорид.
Маросими ҷамъбасти курси навбатии омӯзишии дӯзандагӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» доир гашт, 21 ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ дар давоми ду моҳ нозукиҳои ҳунари дузандагиро омӯхта, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, кор бо занон ва оила, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ва Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ иштирок дошатанд
Дар охир аз ҷониби ҷавондухтарон намоиши либосҳои милливу аврупоӣ ташкил ва пешкаши иштирокчиён кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2007 то инҷониб Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ тибқи дастуру супориши Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавондухтарони оилаҳои камбизоат ва ятимон дар баробари курсҳои омӯзишии забони англисӣ ва компютер курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ низ таъсис додааст, ки то ба имрӯз ҷавондухтарони зиёде чунин курсҳоро хатм намуда, соҳиби касбу маълумот гардидаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






