Таҳсили ғайрирасмии беш аз се ҳазор шаҳрванди кишвар дар хориҷ
Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-3360 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамояд,-гуфт раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотии кумита ба хабарнигорон.
Маълумоти мазкур тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас шудааст.
Гафта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то дастур 2152 нафар ва баъди дастур 856 (дар маҷмӯъ 3008) нафар донишҷўй баргашт.
-Бино ба корҳои таҳлиливу санҷишӣ аз теъдоди умумии ба ҷумҳурӣ баргаштагон 64 нафар даст ба ҷиноят задааст. Аз ҷумла, 29 нафар бинобар сабаби ҳамроҳ будан дар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар маҳбасхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар зиндонӣ шуданд. Инчунин 6 нафар дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Илова бар ин, 5 нафари дигар узви ҷараёни ғайриқонунии салафия мебошад. Дар айни замон 6 нафари онҳо тавассути Федератсияи Русия ба Сурия рафта, ба сифати муҷоҳид дар амалиёти ҳарбӣ иштирок доранд, ки ин боиси таассуф аст,-таъкид гардид дар нишаст бо хабарнигорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






