Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва гумрук
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. Тағироти кадрӣ дар мақомоти Суди олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Хадамоти Гумрук сурат гирифт. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Вайсиддин бинобар сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, номзадии Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон, ки то ин муддат дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ фаъолият дошт, ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, номзадии Наимзода Марҳабо Наим, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош, Ғуломов Сафарбег Саломович, Маҳмадшарофӣ Дилбар, Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.Дар ин хусус пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Марҳабо Наим аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош аз вазифаи муовини якуми Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ғуломов Сафарбег Саломович аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Маҳмадшарофӣ Дилбар аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон- Бобокалонова Қутфинисо Маҳмудовна, судяи суди шаҳри Душанбе- Қурбонова Моҳбӣ Давлятовна, Раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд- Атоӣ Саодат Иброҳим ва Олимзода Хосият Ато аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҳисор бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод карда шуданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Президенти мамлакат кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъиншударо ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд. Зимни сӯҳбати самимӣ Сардори давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардида, ки ҷавону соҳибтаҷрибаанд, дар таъмини волоияти қонун, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






