Тайи шабонарӯзҳои гузашта дар Афғонистон 23 силоҳбадаст кушта шуд

Июль 6, 2015 05:18

Душанбе, 06.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Тайи   шабонарӯзҳои гузашта  дар  ҷараёни амалиёти   пулиси  миллии  Афғонистон  бо  дастгирии сохторҳои  дигари  қудратӣ  23  нафар  силоҳбадастон  кушта  шуданд. Мувофиқи  ҳисоботи  Вазорати   дифои  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон,  дар  ҷараёни  амалиёт  7  нафар  хизматчиёни  ҳарбӣ   талаф  ёфтанд.
Назар  ба  хабари  ВКД ҶИА, амалиёти  ҳарбӣ дар ҳудуди  вилоятҳои  Бағлон, Ҳилманд,  Ҳирот,  Қандаҳор, Қундуз,  Сари  Пул  ва  Урузгон  сурат  гирифт. 
Кормандони қувваҳои амниятӣ 2  минаеро, ки  шӯришгарон  дар  вилоятҳои  Қандаҳору  Парвон  гузошта буданд,  безарар гардониданд.

 

Июль 6, 2015 05:18

Хабарҳои дигари ин бахш