Талош барои роҳандозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хоруғ
Душанбе, 20.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Файзулло Сатторов, директори ҶСК “Тоҷик Эйр” гуфт, хатсайри Душанбе-Хоруғ қатъ нахоҳад шуд, баръакс онҳо талош доранд ҳарчи бештар парвозҳоро дар ин хатсайр роҳандозӣ кунанд. Ин матлаб имрӯз, 20-уми июл зимни ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба хабарнигорон ироа гардид. Ба гуфтаи мавсуф, хатсайри Душанбе-Хоруғ ду ҳафтаи охир аз мавзӯъҳои асосӣ дар ҷаласаҳои “Тоҷик Эйр” мебошад. Бо вуҷуди хатарбор будани хатсайр роҳбарияти “Тоҷик-Эйр” фикри гирифтани даромад аз ин парвозҳоро надорад. Мо талош мекунем, ки парвозҳо ҳар чӣ бештар анҷом дода шаванду мушкили мусофирон ҳал гардад, вале онҳое, ки фикр мекунанд, мо метавонем тамоми сол аз рӯи ин масир парвозҳоро анҷом диҳем, хато мекунанд,-афзуд Ф. Сатторов.
Ҳамчунин ӯ гуфт, ки парвоз дар ин хатсайр вазнинтарин дар ҷаҳон аст. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин масир ягон таҷҳизот нест ва ҳавонавардҳо аз рӯи диди озод аз рӯи таҷҳизоти ҳавопаймо парвоз мекунанд. Дар ин масир ягон таҷҳизот насб нашудааст. Агар як миқдор абр пайдо шавад, ягон кас аз рӯи меъёрҳои амниятӣ ҳуқуқи иҷозати парвозро надорад.
Ба гуфтаи ӯ мушкилот дар хатсайри Хоруғ-Душанбе шояд солҳои оянда, баъди он, ки дар ин хатсайр “датчик”-ҳо насб шаванд, ҳал гардад, зеро танҳо дар сурати насби “датчик”-ҳо ширкат метавонад новобаста аз боду ҳаво ба Хоруғ парвоз анҷом диҳад, гуфт директори ҶСК «Тоҷик Эйр».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






