Таъминоти аҳолии ВМКБ бо барқ пурра ба роҳ монда шуд

Июль 22, 2015 08:30

Хоруғ, 22.07.15.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар таърихи 16 июли соли 2015 тахминан баъд аз нисфирӯзӣ ҷиҳати баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии барфу яхи болои кӯҳ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон сел фуромада, пеши роҳи оби дарёи Ғундро баста, кӯли сунъии дорои беш аз 15 млн. метри мукаабро ташкил намуд. Аз сабаби пай дар пай омадани сел сатҳи оби кӯл баланд шуда, дар баробари зер кардани хонаҳои истиқоматии наздисоҳилии сокинони деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва Бердибекобод хатари зери об мондани НБО-и калонтарини вилоят — “Помир-1”, ки дар болооби дарё воқеъ аст, низ  ба вуҷуд омад.
Таъҷилан бо супориши Президенти мамлакат ба ҷойи воқеа комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода омада, барои бартараф намудани оқибатҳои нохуши ҳодиса ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, барои дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагони офати табиӣ чархболҳои Вазорати мудофиаи кишвар ҷалб гардиданд.
Сели омада беш аз 6 км хатҳои интиқоли барқи 35кВ (занҷирҳои №№1 ва 2-и НБО-и “Помир-1” — НБО-и “Хоруғ”), инчунин 2 км хатҳои барқии 10кВ (“Помир-1” — Сучон), ки тавассути онҳо неруи барқ аз НБО-и “Помир-1” ба шабакаи марказӣ интиқол дода мешуд, пурра хароб намуд. Дар натиҷа интиқоли қувваи барқ аз НБО-и “Помир-1” ба шабакаи марказии “Помир Энерҷӣ” ғайриимкон гардида, ҳамаи муштариёни шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа, қисми муштариёни ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон аз соати 15:00-и 16 июл то соати 18:05-и 18 июли соли 2015 пурра бе барқ монданд.
Новобаста аз ин НБО-и “Помир-1” ҳама вақт фаъол монда, беш аз 1500 хоҷагии (зиёда аз 7,5 ҳазор нафар аҳолӣ) водии Ғунди ноҳияи Шуғнонро бо барқ таъмин менамуд. Вале меҳнати шабонарӯзии барқчиёни тамоми шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо бо роҳбарии ситоди вилоятӣ имкон дод, ки аллакай дар нимаи дуюми рӯзи 18 июл баъд аз ба тартиб даровардани сарбанд ва тоза кардани канали обгузар НБО-и “Хоруғ” ба кор даромада, таъминоти шаҳри Хоруғ ва қисман ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа аз рӯи реҷаи муваққатӣ ба роҳ монда шавад. Дар баробари ин аз рӯзи аввали сар задани ҳодисаи нохуш тамоми коллективи ширкат ба корҳои барқароркунӣ ба мавзеи Барсем-Колхозобод сафарбар карда шуд. Ба шарофати меҳнати шабонарӯзии барқчиён ва дастгирии сокинони деҳоти навоҳии Шуғнону Роштқалъа ва маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, ки ҳаррӯза аз 150 то 350 нафар дар барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ ширкат меварзиданд,  имконпазир шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ хати интиқоли барқи 35кВ аз рӯи нақшаи пешакӣ барқарор шуда, соати 16:35 дақиқаи рӯзи 20 июли соли 2015 интиқоли қувваи барқ аз НБО-и “Помир-1” тавассути хати барқии муваққатӣ ба шабакаи марказӣ оғоз гардад. Дар натиҷа шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он пурра бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Новобаста аз ин, фуромадани сел ҳоло идома дошта, вазъият ҳар замон метавонад тағйир ёбад. Чуноне дар давоми се рӯзи охир барои  такроран омадани сел ва даровардани ҳар гуна ашёҳо ба канали обгузар барқчиён маҷбур шуданд се маротиба НБО-и “Хоруғ”-ро аз фаъолият боздоранд.
Мувофиқи ҳисоби пешакӣ танҳо ба соҳаи барқ дар мавзеи харобшуда ба андозаи тахминан 1 млн. 692 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шуда, барои барқарор намудани он маблағи қариб 2 млн. 750 ҳазор сомонӣ лозим аст. Дар баробари ин барои бо барқ пурра таъмин намудани иқоматгоҳи муваққатӣ барои зарардидагон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
 

Июль 22, 2015 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид