Ташкили 137 истгоҳи рақамӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Июль 30, 2015 11:49

Душанбе, 30.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар нимсолаи аввали соли 2015 ғунҷоиши васлшуда ҳамагӣ 407 ҳазору 309 рақам ва шумораи истгоҳҳои рақами 137 ададро ташкил дод,- зикр гардид дар ҷамъбасти шашмоҳаи Хадамоти алоқа.
Тавре ки дар ин бора сардори кулли ҶСК «Тоҷиктелеком» М. Ҳиматов имрӯз, 30 июл дар ҷамъбасти нимсолаи «Тоҷиктелеком» гуфт, шумораи муштариёни ҶСК «Тоҷиктелеком» 268 ҳазору 197 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 248 ҳазору 393-тояш шабакаҳои шаҳрӣ ва 19 ҳазору 804- тояш шабакаи деҳотӣ мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби ҷамъият корҳои таъмиркунӣ ва навсозии симҳои шабакаҳои телефонӣ низ анҷом додаанд,- афзуд М. Ҳиматов.

 

 

Июль 30, 2015 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст