Ташкилотҳои башардӯстона ба аҳолии аз офат зарардидаи Тоҷикистон чӣ кумак мерасонанд?

Июль 23, 2015 12:55

Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин фасли тобистон, сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон оқибати тағйирёбии иқлимро эҳсос намуданд. Рӯзҳои 16-17 июл дар Бадахшон сел ва рӯзи 20-уми июл дар водии Рашт, дар шарқи кишвар дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ярч фаромад. 
Дар айни ҳол ҳукумат ва ташкилоти башардӯстона дар Тоҷикистон ба аҳолии зарардида аз офати табиӣ ёрии таъҷилӣ расонида истодаанд. Дар бораи кумаки зарурие, ки ҷамъияти башардӯстона расонида истодааст, дар мусоҳиба бо Радиои СММ, мушовири миллӣ оид ба вокуниш ба офатҳои табиии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстона дар Тоҷикистон Валиҷон Раноев нақл кард.
-Вазъ дар мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида чӣ гуна аст,  оё метавонед онро бо баҳогузорӣ баён намоед?
— Расонидани кумаки башардӯстона аллакай муътадил гаштааст. Кумаки фаврӣ дар шакли хаймаҳо, маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ғайриозуқа аллакай расонида шуд. Дар мавзеъҳои офат гурӯҳе аз кормандони ташкилоти ФОКУС (FOCUS), намояндагии шабакаи ташкилоти Бунёди Оғохон, инчунин Ҳилоли Аҳмар, СММ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият қарор доранд. 
Онҳо дар якҷоягӣ амалҳоро пайгирӣ намуда, ҳамоҳанг месозанд. Шаҳрчаи хаймагӣ ташкил гардидааст, ки ба 70 оилаи аз ноҳияи Шуғнон ба ин ҷо кӯчонида шуда, кумак мерасонад.  
Масъалаи мушкилтарин — ин расонидани кумак дар бахши таъмини об, беҳдошт ва тозагӣ аст, зеро Тоҷикистон таҷрибаи кофии кор бо бошгоҳи хаймагӣ надорад ва масъалаи асосӣ дар ин бахш расонидани кумаки зарурӣ ба бошгоҳ мебошад.
-СММ чӣ кор мекунад? Оё аз ҷониби мақомот ба Созмон дархостҳо ворид шудаанд? 
 — Мо амалҳои худро дар сатҳи ҳукумат ҳамоҳанг мекунем. Бо Сарвазир, муовини ӯ ва вазири корҳои хориҷӣ мулоқот анҷом дода шудааст. 
Дирӯз ҷаласаи калони ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар доир гашт. Ҳукумат масъулияти ҳамоҳангсозиро пурра бар дӯши СММ гузошт. Мо дар бартараф намудани камбудиҳое, ки пас аз расонидани кумаки аввали фавқулодаи намояндагони маҳаллӣ боқӣ мондаанд, кор карда истодаем. 
СММ дар ин ҷода метавонад тамоми дастгирии заруриро расонад. Сарфи назар аз он, ки ҳолати фавқулода дар Бадахшон рух додааст, тамоми фаъолияти сиёсии заруриро дар расонидани кумак бояд дар шаҳри Душанбе пеш бурд ва барои ин СММ дар сатҳи олӣ кор карда истодааст. 
Мо метавонем масоили марбут ба расонидани бор, барасмиятдарории мол, ё сафарбаркунии захираҳои иловагӣ дар кишварро ҳал намоем, чизе, ки мо ҳоло карда истодаем. 
Оё СММ ба нақша гирифтааст, ки кишварҳои донорро барои ҷудо намудани захираҳои молиявии фаврӣ даъват намояд? 
— Кумаки таъҷилӣ, тавре ки ман аллакай гуфтам, ба зарардидагони ВМКБ расонида шуд. Дар айни ҳол дар водии Рашт талабот муайян шуда истодааст, бинобар ин наметавон гуфт, ки мо ҳақиқатан бо захираҳои мавҷуда аз уҳдаи он мебароем ва ё захираи иловагӣ талаб мекунем. 
Масалан, дар ВМКБ Барномаи ҷаҳонии ғизоӣ омодааст, ки  ба зарардидагон кумаки ғизоӣ расонад. Дар робита ба масоили барқарорсозӣ аз ҷониби СММ мо тасмим гирифтем якҷоя бо ҳамаи ташкилоти кишвар оид ба тадбирҳои барқарорсозии барвақтӣ ва татбиқи онҳо ба донорҳо дархост пешниҳод намоем. 
Мо мехоҳем, ки дар ҳалли мушкилоти барқарорсозии барвақтии сохторҳо, хонаҳо ва иншооти ёрирасон ҳарчи зудтар мусоидат намоем, чунки онҳо минтақаи кӯҳиянд ва сармо нисбат ба дигар манотиқи кишвар дар ин ҷо барвақттар меояд. 
Бинобар ин, дар ҳолате, ки агар эҳтиёҷ барои таҳияи дархост оид ба расонидани кумаки фавқулода набошад, он гоҳ СММ масъалаи таҳияи дархости муштаракро дар барқарорсозии барвақтӣ, аз ҷумла, масоили паст кардани хавф, арзёбиҳои иловагӣ, барқарорсозии сохторӣ ва ҳаёти муқаррарии мардум баррасӣ менамояд.

 

 

Июль 23, 2015 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст