«Тоҷиксуғурта»: 646 ҳазор сомонӣ кумак ба зарардидагони Рашту ВМКБ

Июль 31, 2015 10:18

Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба аҳолии зарардидаи ноҳияҳои Рашт, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон  сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ  аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба маблағи 646 ҳазор сомонӣ кумаки саривақтӣ расонида шуд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии корхонаи мазкур Сатторӣ Аловуддин Мирзо ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Роҳбари корхона гуфт, ки ба ҳар як хоҷагии молу амволашон пурра нобудшуда ба миқдори 4 ҳазор сомонӣ ва ба хоҷагиҳои қисман зарардида ба андозаи 2 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба ноҳияи Рашт ба маблағи  156 ҳазор сомонӣ, ба ноҳияи Ванҷ,  Рӯшон,  Шуғнони ВМКБ ба маблағи 490 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ воридшуда 63,3 фоиз ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 36,7 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб мебошад. Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида 6 миллиону 226 ҳазор сомонӣ ба 7 ҳазору 749 нафари молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ҳақгузорӣ карда шуд.

 

 

Июль 31, 2015 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов