«Уқоби даштӣ — 2015» дар Қазоқистон доир шуд
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Машқхои муштараки ситодӣ-фармондеҳӣ дар машқгоҳи таълимии «Илийский»-и Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Уқоби даштӣ — 2015» дар ду дав рва дар давоми 10 рӯз ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифтанд.
Дар машқҳо гурӯҳҳои амалиётии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Непал, инчунин намояндагон аз Фаронса, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат намуданд.
Ҳадафи машқҳои муштараки ситодӣ-фармондеҳӣ- ин такмил додани донишу малака, таҳлили амиқи вазифаҳои ҷангӣ ва омодагии доимии ҷузъу томҳо тибқи низомномаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳангоми иштирок дар амалиёти сулҳҷӯёнаро дар бар мегирифт.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, гурӯҳҳои амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин машқҳои муштараки ҳарбӣ бори сеюм аст, ки ширкати фаъолона карда, дар самти иҷрои вазифаҳои ҷангӣ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Зимни анҷом ва натиҷагирӣ аз даври ниҳоии машқҳои муштараки ситодӣ-фармондеҳии «Уқоби даштӣ-2015» байни низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи 8 давлат мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорони он бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






