Қуръакашии Ҷоми “Истиқлол” 1-уми август доир мешавад

Июль 31, 2015 12:43

Душанбе,31.07.2015(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон )-,Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”-и пойтахт, ки барои бори сеюм бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор мегардад, рӯзи 8 август оғоз хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки  барои иштирок дар Ҷоми навбатии Клуби футболи “Истиқлол” дастаҳои футболи хурди вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муаассисаҳо, бонкҳо, сафоратхонаву намояндагиҳои даватҳои хориҷии дар ҷумҳурӣ мустақаршуда ва инчунин дигар идораҳо роҳ дода мешаванд. Аъзоҳақӣ барои ширкат дар мусобиқа 3000 (се ҳазор) сомонӣ муқаррар шудаст. Дар мусобиқа бозингарони синнашон аз 24  боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бозингарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа роҳ дода намешаванд.
Бояд  гуфт, ки  бозиҳои ин мусобиқа дар майдончаҳои футболбозии чаманашон маснӯии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд. Дар айни замон 20 даста иштироки худро дар Ҷоми КФ “Истиқлол” тасдиқ кардааст ва дастаҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин мусобиқаро доранд, метавонанд бо онҳо пайваст шаванд.
Ёдовар  мешавем, ки  мукофотпулии Ҷоми имсолаи Клуби футболи “Истиқлол” 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ, дастаи финалист ба маблағ дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо маблағ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозингарони беҳтарин ҳам бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хотиррасон  менамоем, ки  қуръакашии Ҷоми Клуби футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд 1 август, соати 11.00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор  мегардад. 

 

Июль 31, 2015 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд