Қурби доллари ИМА дар бозор тамоюли болоравӣ дошт

Июль 30, 2015 13:05

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар оғози ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда бошад ҳам, қурби он дар бозор тамоюли болоравӣ дошт ва ба ҳисоби миёна  6,67-6,69 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.
Тавре ки котиби матбуотии БМТ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА-и нақд якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбат ба долл. ИМА дар рӯзҳои охир мебошад. Рубли русӣ аз аввали моҳ 7,8 фоиз ва танҳо дар 8 рӯзи охир 6,0 фоиз беқурб шуд (аз 55,84 рубл то ба 60,22 рубл барои 1 долл. ИМА). Беқурбшавии рубли русӣ асосан аз ҳисоби паст рафтани нархи нафт (аз 57,01 долл. ИМА то 52,87 долл. ИМА барои 1 баррел) сурат гирифта истодааст. Мутаносибан рубли русии нақдӣ дар ин давра нисбат ба сомонӣ низ 5,0 фоиз беқурб шуд (аз 0,1160 сомонӣ то ба 0,1102 сомонӣ барои 1 рубли русӣ), 
 Ин вазъият ба кам шудани фурӯши рубли русии нақд ва долл. ИМА-и нақд аз ҷониби шахсони воқеӣ сабаб гашта, амалан ба қатъ шудани хариди рубли русӣ бо долл. ИМА-и нақд ва фурӯши долл. ИМА-и нақд дар бозори дохилӣ оварда расонидааст.
Бино ба гуфтаи А.Қурбонов, омили дигар омили мавсимӣ буда, ҳамасола дар оғози моҳи август талабот ба хариди долл. ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродие, ки ба ворид кардани молу маводи талаботи аввалиндараҷа машғул мебошанд, меафзояд. Бахусус, имсол ин давра пас аз тамом шудани моҳи шарифи Рамазон ва хариду фурӯши идона фаро расида, талаботи хариди долл. ИМА-и нақдро ба маротиб зиёд кардааст.
Вазъият зери назорат қарор дошта, Бонки миллии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо ташкилоти қарзӣ барои дар ҳудуди 6,52-6,54 сомонӣ нигоҳ доштани қурби хариду фурӯши долл. ИМА-и нақд тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Қурби миёнаи амалиёти хариду фурӯш бо рубли русӣ ва еврои нақдӣ низ паст шуда, мувофиқан 0,1097-0,1108 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,1778-7,1978 сомонӣ ба як евро баробар аст 

Июль 30, 2015 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид