Усмонӣ: «Дунё садои Афғонистонро камтар шунид»

Июль 24, 2015 05:20

          Душанбе, 24.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Афғонистон тӯли 30-35 сол ба ин тараф қурбони терроризму ифротгароист ва ин занги хатарро ба садо даровардем,  вале мутаассифона, дунё онро камтар шунид», мегӯяд Файзмуҳаммад  Усмонӣ  вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҷиҳати  ширкат дар конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» дар Душанбе қарор дорад.

Азм ва иродаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм
      
   Файзмуҳаммад Усмонӣ зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори «Ховар» гуфт, ки: «Бидуни шак ифротгароӣ  замоне хатарнок мешавад, ки  ба як фикр ва ба як бовару идеология табдил гардад. Дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ  бояд азм ва иродаи ҷаҳонӣ  вуҷуд дошта бошад. Агар ин мубориза аз лиҳози  моддӣ ва маънавӣ сурат нагирад, бовар ва ақидаи  ифротгароӣ  мисли як саратон  мешавад ва дунёро ба хатар мувоҷеҳ мегардонад, ки мутаассифона имрӯз ин гуна сохтааст». 

               Афғонистон сипари амниятист барои Осиёи Марказӣ

    Вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон мегӯяд, ки  мо афғонҳо  30 сол инҷониб дар дунё дод мезанем, ки кумак кунед, то ҷилави ин қазияро гирем.Ф. Усмонӣ афзуд, ки як теъдод аз ҷараёнҳо шояд аз ифротгароӣ ва терроризм ба унвони як васила барои  расидан ба ҳадафҳояшон истифода намоянд. Ин падидаи нангин  ҳамаро ба хатар мувоҷеҳ месозад. Талошҳои пароканда натиҷа намедиҳанд,  дунё бисёр хурд шудааст ва ҳар ҳодисаи террористие, ки дар як кунҷи олам рух медиҳад, аз тариқи интернет, радио ва дигар расонаҳои хабарӣ  кишварҳои дигар ба зудӣ аз он огоҳ шуда,  мутаассир мегарданд. Зарур аст, ки роҳи мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ бо талошҳои  ҷиддӣ ва муштарак, бо азм, ихлос ва самимият ба даст гирифта шавад. Мавсуф афзуд, ки: «Афғонистон як сипари амниятист барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои фароминтақа.  Афғонистон ва афғонҳо ҳар рӯз дар роҳи  мубориза бар зидди терроризм ва бо ин падидаи  шум даҳҳо шаҳид медиҳанд-  зан, мард, пир, ҷавон,  низомӣ ва ғайринизомӣ. Ва дар ин самт   кишварҳои минтақа мутаваҷҷеҳи масъулияташон бояд  бошанд ва бо ҳамкории муштарак  муборизаро идома ва тақвият бидиҳанд»,- афзуд вазири афғон. 
Конфронси Душанбе дар ҷилавгирӣ аз терроризм чӣ натиҷа хоҳад дод?
     Ба саволи оне, ки баргузории конфронси Душанбе дар роҳи ҷилавгирӣ аз терроризм ва ифрогароии динӣ чӣ натиҷа хоҳад дод,  Файзмуҳаммад Усмонӣ гуфт, ки баргузории чунин конфронсҳо дар он сурат натиҷа хоҳанд дод, ки танҳо дар варақ боқӣ  намонанд, амалӣ ва пайгирӣ гарданд, истифодаи абзорӣ нашавад, дар ин ҳолат ман умедвор ҳастам, ки он натиҷаи хуб ба бор хоҳад овард. 

Ислом дини хушунат нест! Ислом дини муҳаббат ва ҳамдигарпазирист!

       Ф. Усмонӣ таъкид кард, ки: «Кишварҳои минтақа бояд дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ аз таҷрибаи Афғонистон  истифода кунанд,  зеро ифротгароӣ ба ҳар шакле, ки бошад, бад аст. Ин падидаро мутаассифона, ба Ислом нисбат медиҳанд, ки ин дуруст нест. Ислом мегӯяд, ки ҳамон қисме ки  ҳадаф муқаддас аст,  васоили барои расидан ба ҳадаф истифода мешавад, бояд пок ва машрӯъ бошад. Бо истифода аз васоили номашрӯъ бо хушунат,   бо куштан ҳаргиз касе ба мақсад нарасидааст  ва Ислом ин мавзуъро ҳаргиз таъйид намекунад. Ислом дини зулм нест, Ислом дини хушунат нест, Ислом дини эътидол аст, Ислом дини муҳаббат аст, Ислом дини ҳамдигарпазирист»,- таъкид мекунад бо исрор вазири иршод, ҳаҷ, ва авқофи Афғонистон.
                       
Роҳҳои мубориза бо терроризм кадомҳоянд?

        Дар мавриди оне, ки бо кадом роҳҳо бояд бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ мубориза бурд? Файзмуҳаммад Усмонӣ афзуд, ки  бо омилҳои  экстремизм бояд мубориза сурат гирад, зеро вақте як маризӣ пайдо мешавад, мо бояд иллатҳояшро пайдо  ва шиносоӣ намоем ва баъдан онро тавассути мутахассисони варзида табобат созем. Дар масъалаи ҷилавгирӣ ва мубориза бо терроризм роҳҳои бисёр вуҷуд доранд ва онҳо вобаста ба авзои ҳар минтақа ва кишварҳо фарқ мекунанд. Баъзеҳо аз дин барои расидан ба қудрат истифода мекунанд,  ки ин ба онҳо бояд фаҳмонда шавад, баъзеҳо динро ғалат таъбир мекунанд, зеро бардоштҳои  нодуруст аз дин доранд, бо онҳо бояд кор кард. Бо истифода аз  мутолеоти худи дин, бо тақвияти мақовими асили динӣ мо метавонем бо терроризм ва экстремизм мубориза барем. Бекорӣ, фақру нодорӣ, зулму беадолатӣ ва  инҳисоргарӣ сабаби ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои ифротӣ шуда метавонанд. Пас, мо метавонем, ки бо мубориза бо  иллатҳо ва дигар омилҳои он ҷилави терроризмро дар минтақа ва дунё бигирем.
 
Афғонистон дар мубориза бо терроризм бузургтарин қурбонӣ додааст

 Дар посух ба саволи мавқеи Афғонистон дар мубориза бо ифротгароии динӣ чӣ гуна аст, Файзмуҳаммад Усмонӣ таъкид кард, ки» «Афғонистон бузуртарин қурбониро дар роҳи мубориза бо терроризм додааст. Мавсуф афзуд, ки мавқеи Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм  бисёр возеҳ ва равшан аст. Дар Афғонистон ҳар рӯз нафарони неруҳои амниятӣ, неруҳои дифоӣ ҷон медиҳанд, мубориза мебаранд. Уламою равшанфикрони мо дар бахши зеҳниятсозӣ кор мекунанд, мубориза мебаранд, кушта мешаванд,  зану мард шаҳид мегарданд.  Афғонистон  барои кишварҳои Осиёи Марказӣ як сипар аст, ин сипар агар тақвият нашуд, хатари  он дигар кишварҳоро таҳдид менамояд. Бояд бо эҳсоси муштарак ва бо як масъулиятшиносӣ кор дар ин самт сурат гирад». 

 

Июль 24, 2015 05:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад