Вазорати меҳнат қонувайронкуниҳоро ошкор кард
Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар натиҷаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 3475 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 1491 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 966 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 203 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 815 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, бо мақсади пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти назоратии вазорат 1108 санҷиш гузаронида шуд, ки 872 он санҷиши нақшавӣ мебошад. Аз маҷмўи санҷишҳо 489 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 340 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 69 санҷиш ба масъалаҳои муҳоҷират ва 210 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмўъ 328 корхонаву муассисаи давлатӣ, 657 корхонаю ташкилоти хусусӣ ва 123 субъекти хоҷагидор шакли дигари моликиятро фаро гирифт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






