Вазорати молия: гардиши савдои берунӣ коҳиш ёфтааст
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Каримзода Ҷамшед, муовини вазири молияи Тоҷикистон гуфт, мақомоти андоз нақшаи даромади буҷетро дар шаш моҳи аввали соли равон 102,6 фоиз таъмин намуданд. Ба гуфтаи Каримзода, мақомоти андоз дар ин давра ба буҷет 3,8 млрд. сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки нисбат ба нақша 94,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 442,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ӯ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 1,6 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки ин 80,8 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 389,0 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 267,4 млн. сомонӣ кам мебошад, ки сабаби асосии он коҳиши гардиши савдои берунӣ мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






