ВКД ҶТ: ба тафтиш набояд халал ворид кард

Июль 16, 2015 08:53

Душанбе, 16. 07. 2015. (АМИТ «Ховар», М. Темурзода).- Тавре ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ВКД ҶТ мақолаи дар ҳафтаномаи «Азия-плюс», №53 (1036) аз 09.07.с.2015 таҳти сарлавҳаи «Таърихи як куштор. Барои чӣ милитсия медонист ва пешгирӣ накард?» дарҷгардидаро мавриди санҷиш қарор дод.
Тибқи иттилои сарчашма, зимни санҷиш муайян шуд, ки шаҳрвандон: Мақсуда Исматова, Рузигул Исматова, Исматулло Исматов ва Дилноза Исматова, сокинони шаҳри Душанбе, вобаста ба ҷанҷоли рӯзи 9-уми июни соли 2015 байни Исматулло Исматов ва Ҷонибек Тиллоев ба амал омада, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд. Муроҷиати онҳо рӯзи 11 июни соли 2015 ба қайд гирифта шуда, аз рӯи тобеият барои санҷиш ба  ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ирсол шудааст.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», муроҷиати шаҳрвандон дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданаш, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд.
Бинобар ин муроҷиати шаҳрвандони мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор гирифта, 20-уми июни соли равон онҳо ба Шуъбаи ВКД даъват гардида, вобаста ба ҳолати мазкур баёнот додаанд.
Маълум гардид, ки шаҳрванд Ҷонибек Тиллоев моҳи апрели соли 2013 бо хоҳари Исматулло Исматов — Рузигул Исматова фотиҳа шуда, бояд хонадор мешуданд, вале аз сабаби муомилаи бад ва дағалгуфторӣ Рӯзигул нахостааст, ки бо ӯ оила барпо намояд. Онҳо фотиҳаро мегардонанд. Ҷонибек ба ғазаб омада, рӯзи 9 июни соли 2015 ба ҷои кори Рузигул омада, ӯро дашномҳои қабеҳ медиҳад. Аз ин воқеа бародари Рӯзигул Исматулло хабардор шуда,  байни ӯ ва Ҷонибек Тиллоев ҷанҷол ба миён меояд, дар натиҷа Ҷонибек Исматуллоро лату кӯб намудааст. Бинобар ин, онҳо мехостаанд, ки нисбат ба  шаҳрванд Ҷонибек Тиллоев чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Ногуфта намонад, ки шаҳрванд И. Исматов, модару хоҳар ва ҳамсараш зимни муроҷиат ва додани баёнот, оид ба он, ки Ҷ. Тиллоев нисбат ба И. Исматов таҳдиди куштан ва ё сӯиқасд ба куштор карда бошад, ягон сухане нагуфтаанд. 
Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия холисона, бо риояи тамоми талаботи қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҶТ мавриди санҷиш ва тафтиш қарор гирифта, муайян шудааст, ки байни онҳо хусумати шахсӣ ҷой дошта, дар ҳаракатҳои номбурдагон аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 116 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинишуда (агар осори ҷиноят боқӣ намонад, он гоҳ ташхис ҳолатҳои корро аз рӯи суханони ҷабрдида менависад ва исбот кардани ҷой доштани лату кӯб ба зиммаи мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд мегузарад)  дида мешавад ва тибқи моддаи 24 қисми 2 КМҶ ҶТ чунин категорияи ҷиноятҳо бо айбдоркунии хусусӣ дар мақомоти судӣ баррасӣ мегарданд.
Бинобар ин аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба онҳо фаҳмонида шудааст, ки ба суд муроҷиат намоянд.
Мутаассифона, худи ҳамон рӯз, соати 16:00 Ҷ. Тиллоев ба нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт омада, дар натиҷаи муноқишаи ба миёномада бо корд 4 маротиба ба қафаси сина, гулӯ ва шиками шаҳрванд И. Исматов зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа И. Исматов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳоло аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба Ҷ. Тиллоев бо моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Вобаста ба ҳолати дигаре, ки гӯё омӯзгори мактаби миёнаи №7-и шаҳри Турсунзода Ю. Айматов пеш аз ба қатл расонидани директор ва муовини директори мактаби номбурда, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Турсунзода ва шуъбаи маорифи ҳамин шаҳрро огоҳ карда бошад, айбдоршаванда Ю. Айматов бо иҷозати муфаттиши Прокуратураи шаҳри Турсунзода дар маҳкамаи муваққатии шуъбаи мазкур мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, бо мақолаи рӯзномаи “Азия-плюс” ва ваҷҳҳои овардашуда шинос карда шуд.
Зимни шинос намудан айбдоршаванда Ю. Айматов иброз намуд, ки ҳолатҳои дар рӯзнома овардашуда пурра нодуруст мебошанд, зеро ӯ барои содир намудани чунин ҷинояти вазнин пешакӣ кормандони милитсия ва шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзодаро огоҳ накарда, фақат оид ба норозӣ будани худ аз директор ва муовини ӯ ба кормандони мактаб ибрози андеша намудааст.   

Июль 16, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад