«Внешэкономбанк»-и Русия вазифаҳои худро ба Бонки миллии Ӯзбекистон супорид
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷамъбасти ҷаласаи 11-уми Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия миёни бонкҳои аъзои ИБ СҲШ протоколи навбатӣ ба имзо расид, ки дар он «Внешэкономбанк»-и Русия ҳамчун бонки раисикунандаи ИБ СҲШ дар соли ҷорӣ вазифаҳои худро ба Бонки миллии фаъолияти хориҷидоштаи Ӯзбекистон супорид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ҷаласаи мазкур намояндагони БДА ҶТ «Амонатбонк» дар баробари дигар аъзои ИБ СҲШ, аз ҷумлаи Бонки Рушди Чин, Бонки Рушди Қазоқистон, РСК Бонки Қирғизистон ва «Внешэкономбанк»-и Русия дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи давлатҳои узви СҲШ ширкат доранд.
Густариши ҳамкории инвеститсионӣ миёни бонкҳои аъзои ИБ СҲШ, имкони ташкили хатти байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти дастгирии молиявии лоиҳаҳои ИБ СҲШ, ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии ИБ CҲШ ва шарикони СҲШ, ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии дар ҳудуди давлатҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолияткунанда, ҳамкорӣ дар доираи такмили ихтисоси мутахассисион ва интихоби раиси нави ИБ СҲШ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи мазкур баррасӣ гаштанд.
Бино ба хабари бонк, соли 2016 ИБ СҲШ бори нахуст дар Ӯзбекистон баргузор мегардад ва ин натиҷаи ҳамкории судманди бонкҳои узви ИБ СҲШ мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






