З. Лашкарбекова: Терроризм ва таъсири манфии он ба кишварҳои дигар

Июль 15, 2015 02:28

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Зан- модар, идомабахши ҳаёт ва мураббии меҳрубони наслҳост. Аз азал  рисолати зан ба вуҷуд овардани насл ва бо тарбияву раҳнамоӣ ба пояи баланд расонидани инсон буду ҳаст. Вобаста ба нақши занон дар ҷомеа бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Зулфия Лашкарбекова ҳамсуҳбат гардидем. 
-Сараввал мегуфтед, ки ваҳдату истиқлолияти Тоҷикистон ба зани тоҷик чӣ дод?
-Озодиву  ободӣ,  сулҳу субот,   ваҳдату ягонагии кишвар ба зан- модари тоҷик имкониятҳои васеъ,  парвозҳои  баландро дод.  Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар қатори тадбирҳои аввалин баҳри беҳдошти рўзгору фаъолияти занон чораҳои муассире андешид, ки саҳмашонро дар ҳаёти оилаву  ҷомеа фаъолтару созандатар менамояд. Суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон -«Ҷомеае, ки ба Зан- Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи  худаш ғамхорӣ мекунад» -асоси сиёсати давлати куҳантаъриху навбунёдамон   нисбат ба ин сарчашмаи ҳаёт гардид.  Тибқи ин сиёсат паиҳам санадҳое ба имзо расиданд, ки  на  танҳо мақому  манзалати  занро расман ба тасвиб расонданд, балки заминаи  воқеӣ барои фаъолияти доманадори  занон  шуда,  рўҳбаландӣ ва боварии ононро ба оянда таъмин намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини истиқлолияти иқтисодии занон низ тадбирҳои мушаххас меандешад. Корхонаву ташкилотҳои зиёд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мубаддал шудаанд,  ки имрӯз  занон дар  роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳмгузоранд, баҳри бо кор таъмин намудани занону духтарони деҳот инчунин корхонаҳои хурди зиёде ташкил шудаанд. Ба соҳибкорӣ машғул шудани занону бонувон, фаъолияти озоду бемонеаи занон дар ҳамаи самтҳо гувоҳи ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. 
-Имрӯзҳо  моилшавии  занон ба ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба назар мерасад.  Шумо дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?
  -Имрӯзҳо гаравидани ҷавонон ва мутаассифона, шомилшавии занону духтарон, модарони тоҷик  ба ҳар гуна  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пуштибонӣ аз ҳар гуна мазҳабу равияҳои тундгаро ба назар мерасад. Ифротгароӣ — ифодаи амалу рафтори тундгароии динӣ ва мазҳабӣ мебошад.  Барои чунин афрод ягон чизи муқаддас, чун ватан,  модар, миллат,  дин,  мазҳаб арзише  надорад. Мақсади онҳо бо ҳар гуна  роҳу равиш ашхоси солимфикру мутахассисони ботаҷрибаи миллатро нобуд кардан аст.
     Терроризм ва экстремизм мафҳумеанд, ки имрӯз  ҷаҳонро такон медиҳанд. Вобаста ба рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ ин хатар ба амният ва суботи сиёсии дилхоҳ кишвар метавонад таъсири манфии худро расонад.  Мутаассифона,  ин хатарҳо дар ҷомеаи мо низ  реша паҳн  намуда истодаанд. Имрӯз  мо шоҳиди шомилшавии ҳамватанонамон, аз ҷумла занону духтарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мешавем, ки ин ҳолат боиси  ташвишу изтироб ва  нигаронист. Шоҳиди куштор ва қатлҳои бераҳмонае мешавем, ки ақли инсон онро қабул карда  наметавонад. Хунрезию одамкушӣ дар кишварҳои Ироқу Сурия ва Яман боиси таассуф аст.
    -Ба андешаи Шумо сабаби шомилшавии занон ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаракатҳои террористӣ  дар чист? —  -Афроде ҳастанд, ки  дар назди худ мақсад мегузоранд, ки болотар аз ҳама чизу аз ҳама кас бошанд. Нафари дигаре бегонапарастиро ихтиёр дорад, дигараш зебопарастиро пеша карда, бо ба бар намудани ҳама гуна либосҳои ғайр таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карданист.  Аз зудбоварии занону ҷавонон  истифода бурда, ҳарчи бештар онҳоро ба чунин ҳаракату равияҳо ҷалб месозанд.   Маҳз бо истифода аз чунин шахсон аҳли байташон ба доми ифротгароён кашида мешаванд. 
      Сабаби дигари шомилшавии занону духтарон ба чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама маълумоти кофии ҳуқуқӣ надоштани  бархе аз занон, думболагирӣ намудани шавҳаронашон, ки дар муҳоҷирати маҳнатӣ қарор доранд ва тоб наовардан ба пастиву баландиҳои ҳаёт мебошад.
-Кумита барои пешгирии шомилшавии занону ҷавонони тоҷик имрӯз чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад?
-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба пешгирии гароиши ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, тақлидкории занону духтарон ба фарҳанги бегона ва пешгирӣ намудани дигар омилҳои номатлуб дар ҳамбастагӣ бо Вазорати мудофиа, Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як силсила корҳоро ба сомон расонида аст.
       Дар шаҳрҳои Кўлобу Қўрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Қумсангир, Панҷ, Шўробод, Мўъминобод вохӯриҳо гузаронида шуданд. Вохӯриҳо  бо иштироки зиёда аз 6 000 ҳазор занону духтарони фаъол, имомхатибон ва намояндагони корхонаю идораҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ- суд, прокуратура, амният, директорони мактабҳо, муаллимон, мудирони бахши занон, ҷавонон ва занони хонанишин баргузор шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки кумита бо мақсади омўзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо,  омўзиши сабабу омилҳои худкушӣ, бахусус байни ҷавонон, пеширии омилҳои номатлуб  ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани чорабиниҳои  «Соли оила» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои мақсаднок ташкил намуда, аз рўи усули «Хона ба хона» корҳои фардиро бо оилаҳо ба роҳ мондааст. 
-Чӣ бояд кард, то ҳувияти миллӣ,  худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик баланд бардошта шавад?
-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва мардуми ин сарзамини куҳанбунёду бофарҳангро ба дарки амиқи вожаи «бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҳушдор медиҳад.  Ҳар  як фарди солимфикри ҷомеа бояд сари ин масъала андеша намояд ва худогох бояд бошем. Аз гузаштаҳои дури хеш воқиф будан, донистани таърихи бою пурғановати кишвар, арҷ гузоштан ба расму   русум,  эҳё намудани андешаи миллӣ,  гиромӣ доштани забон,  фарҳанг, ҷашну маросими суннатӣ пандест аз гузаштаи дуру пайғомест  аз китоби зиндагӣ.  Пас барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати баланд доштан зарур аст. Зиндагии навини мардуми мо аз ҳар як фарди ин сарзамин саодатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳувияту худшиносист ва ҷидду ҷаҳди самимиро тақозо дорад. Ҳаёти инсон саропо аз пасту баландӣ ва шебу фарозҳо иборат аст ва инсон ҳамеша бо ин ҳама мушкилиҳо дар набард аст. Пас, бояд муқовимат намуд, то пирӯз бошем.
-Ташаккур барои суҳбат. 

                  

Июль 15, 2015 02:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?