Забонро аз тӯфони ҷаҳонишавӣ ҳифз бояд кард

Июль 27, 2015 09:40

«Зарурияти таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 27.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Забони тоҷикӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» соҳиби мақоми давлатӣ буда, дар тамоми бахшҳои муҳими давлатдорӣ ба таври озод истифода мегардад». Ин матлабро Марҳабо Ҷабборӣ-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  конфронси байналмилалии марбут ба «Масоили вожагузинӣ  ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ», ки имрӯз дар Душанбе бо ҳузури донишмандону забоншиносон ва муҳаққиқони се кишвари форсизабон-Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид, зикр кард. Муовини Сарвазири кишвар доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши  ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим дароварда, имрӯз дар тамоми бахшҳои идории кишвар коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Новобаста ба мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ,  он дар таъмини иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳои муқими Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад.  Дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди забони  тоҷикӣ барои  солҳои  2012-2016» қабул карда шудааст, ки яке аз ҳадафҳояш таҳкими робитаҳои илмӣ бо  марказҳои забоншиносии кишварҳои ҷаҳон аст. Марҳабо Ҷабборӣ баргузории конфронси байналмилалиро дар Душанбе ташаббуси наҷиб арзёбӣ намуда, нақши онро дар густариши ҳамкории илмию фарҳангии кишварҳои форсизабон ва танзими истилоҳотшиносӣ  дар кишвар  муҳим маънидод кард.
     Ҳамзамон Гавҳар Шарофзода -раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ  гуфт, ки забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дошта, бо хат ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгароии  башарӣ саҳми босазо дорад. Дар  давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо — забони миллати мо, ки худ омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, пайваста рушд меёбад.
Инчунин дар конфронси байналмилалӣ доктор  Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил -раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба нақш ва фаъолияти Фарҳангистони мазкур дар масъалаи фарҳангнигорӣ ва сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳифзи забони форсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ибрози назар намуд. Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил таъкид кард, ки  забон барои се кишвари форсизабон  рукни муҳим дар ҳувияти миллист. Пас мебояд дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки он беш аз ҳама ба фарҳанг ва забон таҳдид менамояд, дар муқобили тӯфони ҷаҳонишавӣ истодагарӣ намуда, забони форсиро, ки аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ  барои се кишвари форсизабон маҳсуб мешавад, ҳифз намоем. Забони форсӣ забони куҳан,  решадор ва неруманд аст ва тавоноии худро дар тӯли таърих собит сохтааст ва имрӯз дар миёни осебҳост ва ҳифзи он аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо рисолати  ҳар яки мост,-гуфт донишманди эронӣ. Мавсуф зикр кард, ки дар Эрон Бунёди “Саъдӣ” созмон дода шудааст, ки ҳадафаш пуштибонӣ аз забони форсӣ  берун аз марзи Эрон аст.  Инчунин раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон  доир ба равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон сухан карда, таъкид намуд, ки ояндаи равшан дар равобити илмию фарҳангии ду кишвари ҳамзабон фароҳам оварда шудааст. 
     Ҳамзамон дар конфронс доктор  Ҳуҷчатуллоҳ Фағонӣ -сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Ғуломҳасан Ҳазратӣ, масъули бахши фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе ва дигар донишмандону муҳаққиқони  кишварҳои форсизабон доир ба  «Баъзе масъалаҳои танзими истилоҳоти муосири тиббӣ дар забони тоҷикӣ», «Забони форсӣ — забони илм», «Инъикоси истилоҳсозӣ дар имлои забони тоҷикӣ», «Ҷанбаҳои миллӣ ва ғайримиллӣ дар истилоҳгузинии забони тоҷикӣ», «Навоварии вожагон дар форсии муосир», «Забон ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол»,  «Вожасозии навин дар забони форсӣ»,«Зуҳуроти нави наввожаҳои электронӣ», «Баъзе мулоҳизаҳо дар атрофи истилоҳоти маъмурӣ-коргузорӣ», «Аз сарнавишти як вожа дар забони форсӣ-тоҷикӣ»,  «Ҳамгунсозии дастур ва истилоҳоти  забоншиносӣ»,«Вижагиҳои вожасозии номгузорӣ ба ашхос дар забони вахонӣ»,«Вижагиҳои грамматикии пасванди -don  (-dun) дар забони яғнобӣ» маърӯза намуданд.
Зикр шуд, ки осори миллии гузаштаи мо баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм таҷрибаи тӯлонӣ дорад. Хусусан дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар забони тоҷикӣ дар баробари забони арабӣ тавоноии худро дар риштаҳои гуногуни илм муаррифӣ намудааст. Ба хотири таҳқиқоти истилоҳоти илмие, ки дар асарҳои донишмандони гузаштаи мо истифода шудаанд, дар доираи Барномаи рушди забони давлатӣ таҳия ва нашри фарҳангҳои истилоҳоту таркиботи илмӣ аз осори классикони форсӣ-тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст.    Дар Шарқи мутамаддин то даврони Инқилоби Шӯравӣ забони мо дар ҳудуди давлатдориҳои Осиёи Миёна, дар аморату хонигариҳои  сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон дар баробари забони давлатӣ забони илму адаб низ буд.
    Садсолаи охир унсурҳои бегона ва қолабҳои вожасозии бегона дар забони мо роҳ ёфта, чунон забони моро махлут карда буданд, ки ин василаи корбурди ғанигардонии фонди луғавии забонӣ қариб буд моро аз меъёри забони адабии классикиамон дур созад. Имрӯз вақти он расидааст, ки дар ҳамкориву мусоидат ва назорати пайвастаи  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои илмӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони соҳавӣ дар кори густаришу рушди забони давлатӣ  ва бо ҳадафи ба забони илм комёб гардонидани забонамон фаъолияти самаранокро ба роҳ монанд, зеро ҳар як забон бо тозагиву беолоишӣ ва риояи меъёри суннатии худ ба дараҷаи забони илм расида метавонад. 
Бояд тазаккур дод, ки  конфронси мазкур дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон созмон дода шуд. 
  Интизор меравад, ки дар фарҷоми конфронс аз ҷониби иштирокдорони он тавсиянома қабул гардида, бо назардошти дурнамои таҳқиқи истилоҳоти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон омӯзиши таҷрибаи бузурги Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ, решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ, таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот, ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форсизабон, омӯзиши муқоисавии таърихии  забонҳои мардумони эронизабон баргузории силсилаи конфронс ва семинарҳо ба нақша гирифта шавад. 

 

Июль 27, 2015 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад