Зарари офати табиӣ ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рашт

Июль 21, 2015 05:04

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзи 20 июл тақрибан соати 17.30 дар ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаи Панбуни минтақаи Рашт  бар асари  боришоти зиёд ва фаромадани ярч пеши дарёи Камаров банд гардида,  дар натиҷа 6 хонаи истиқоматӣ қисман,  2 оғилхона пурра,  10 км роҳи байни деҳа,   2 кӯпруки одамгузар,  1 кӯпруки мошингузар,  2 осиёб ва 1 истироҳатгоҳи шахсӣ пурра вайрон гардид. 
Бино ба иттилои сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов, дар ин рӯз инчунин бар асари боришот дар ҷамоати деҳоти Навдӣ,  деҳаи Бедак зиёда аз 50 хоҷагӣ пурра,  100 хоҷагӣ қисман зарар дида, инчунин шаҳрванд Мунаваршоҳ Сироҷов, маъюби гурӯҳи 1, истиқоматкунандаи деҳаи Бедак, соли таваллудаш  1987 ҳалок гардид. Дар ин рӯз дар деҳаи Қарасойи ҷамоати деҳоти Кашшот бар асари боришоти сахти кӯтоҳмуддат аз ду тарафи деҳа сел фаромада,  дар натиҷа заминҳои кишт зарар диданд.
Дар деҳаи Октангии ҷамоати деҳоти Шаҳристони вилояти Суғд бар асари боришоти  зиёд 200 метр роҳи мошингарди деҳа банд гардида,  1 гектар замини гандум, 0,5 гектар картошка, 50 сафедор, 500 чорвои майда нобуд гардид. 

 

Июль 21, 2015 05:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид