25 ҷангии «Толибон» дар Покистон нобуд карда шуд

Август 21, 2015 03:30

Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Артиши миллии Покистон зимни як амалиёти ҳарбӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳо дар қисми шимолу ғарбии кишвар 25 аъзои ҳаракати «Толибон»-ро нобуд кард. 
Ёдовар мешавем, ки амалиёт дар минтақаи Дата-Хели Вазиристони Шимолӣ сурат гирифта, соли гузашта дар ин минтақа зимни амалиёти махсус беш аз 1 ҳазору 300 силоҳбадаст нобуд карда шуда буд.

Август 21, 2015 03:30

Хабарҳои дигари ин бахш