5 нафар сазовори рутбаҳои генералӣ дониста шуданд
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои навбатии дараҷавӣ, ҳарбӣ ва махсус сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, ба поковники адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим – муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.
Полковники милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов-сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия», полковники милитсия Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло-сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия» ва полковники хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим – сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гаштанд.
Ба полковник Бегназаров Амирбек Саймирович-сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии «Генерал-майор» дода шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






