Афзоиши андозҳои иҷтимоӣ дар Рашт

Август 24, 2015 10:53

Рашт, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Дар ноҳияи Рашт нақшаи умумии андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 12 млн. 230 ҳазору 685 сомонӣ ба буҷет 12 млн. 883 ҳазору 393 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша   652 ҳазору 708 сомонӣ бештар мебошад.
 Аз ҷумла, дар ин давра  аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 108  фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 6 млн. 162 ҳазору 895  сомонӣ,  6 млн. 671 ҳазору 354 сомонӣ дохил гардидааст, ки ин аз нақша  508 ҳазору 459  сомонӣ ва нисбат ба  ҳамин давраи соли 2014 — 664 ҳазору 884 сомонӣ афзунтар аст.
 Маблағҳои мақсаднок ва  ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ  96 фоиз, яъне ба ҷойи 17  млн. 111 ҳазору 400 сомонӣ, дар ҳаҷми  16 млн. 394 ҳазору 100 сомонӣ ворид карда шудаанд, ки нисбат ба нақша 717  ҳазору 300  сомонӣ  кам  мебошад.
 Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромадии буҷети маҳаллӣ  бо назардошти  маблағҳои мақсаднок ва  ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  99  фоиз иҷро  гардида, ба ҷойи 23 млн. 868 ҳазору 665  сомонӣ ба буҷет  23 млн. 659 ҳазору 821   сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша  208  ҳазору 844  сомонӣ кам  аст.  Сабаби асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми даромадии буҷети маҳаллӣ пурра ворид нашудани маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад.
 Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин  давра ба  22 млн. 235 ҳазору 678 сомонӣ баробар буда,  92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нақша 1 млн. 900 ҳазору 564 сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи  соли 2014 ба маблағи 874 ҳазору 262  сомонӣ афзудааст.
  Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия, ин пурра ворид нагардидани маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ,  ҷой доштани воҳидҳои холии корӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷотҳои дуюмдараҷа  мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ- маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дода шуда, беш аз 18 млн. 189 ҳазору 159 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона гардид, ки 81,8 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамоянд.
 

 

Август 24, 2015 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад