Афзоиши ангур ва полезиҳо
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии раёсати Растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 14 августи 2015 ба миқдори 29415 тонна мева ва 7908 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст. Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3332 тонна зиёд мебошад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11598 афзун аст.
То 14 августи соли равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 288876 тонна полезиҳо истеҳсол карда шудааст, ки 65317 тонна бештар аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 201,6 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 сентнерӣ зиёд мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






