Ҷ.Ахмедов: «Ҳизби коммунист «вотчина»-и Ш. Шабдолов нест»
Душанбе, 27.08.2015. (Душанбе, АМИТ «Ховар»). — Вақтҳои охир дар маҳфилҳои гуногун нисбат ба фаъолияти беранги Ҳизби коммунист, мухолифатҳои дохилиҳизбӣ ва бохти он дар интихоботи парлумонии соли равон, фикру мулоҳизаҳои мухталиф садо медиҳанд. Вобаста ба ин, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо узви ҳизби коммунист, котиби аввали кумитаи ҳизбии вилояти Суғд, депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи рақами 15 Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович мусоҳиба баргузор намуд.
АМИТ «Ховар»: Шумо ба интихоботи парлумонии гузашта ва натиҷаҳои он чӣ гуна баҳо медиҳед?
Ахмедов Ҷаббор: Интихоботи гузаштаи парлумонӣ дар фазои озоду шаффоф ва риояи принсипи баробарҳуқуқии ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифт. Натиҷаи интихобот нишон дод, ки ғолибият насиби он ҳизб ва номзаде мегардад, ки бо фаъолияти худ, бо иқдомҳои ҷавобгӯ ба манфиати халқу Ватан овози интихобкунандагонро аз худ мекунанд. Вобаста ба натиҷаҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи гузашта изҳор мекунам, ки шахсан ман, кумитаи вилоятӣ ва коммунистони вилояти Суғд аз он натиҷаҳо хеле нороҳат шудем. Натиҷаҳои интихобот, ин пеш аз ҳама, нишонаи бӯҳрони чуқуре аст, ки ҳизбро тӯли солҳои охир фаро гирифтааст, натиҷаи сиёсати пешгирифтаи роҳбари ҳизб ва муносибати саҳлангаронаи ӯ мебошад. Ҳизб захира, имконият, иқтидор ва қобилияти зеҳнии заруриро дорост, ки онро метавонист самаранок истифода бурда, барои манфиати халқи Тоҷикистон равона созад. Аммо роҳбарияти ҳизб, ки мутобиқи Оиннома ба кори КМ, Президиум, котибони КМ роҳбарӣ менамояд аз ин омилҳо дуруст истифода бурда натавонист. Худ қазоват кунед. Магар дар давоми ду даҳсолаи охир мо коммунистон ба ҳукумат, халқамон ягон барномаи мушаххаси ҳизбро оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат ва ё дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ пешниҳод намудаем? Сад афсӯс чунин мисол оварда наметавонем.
Барномаҳои пешазинтихоботии мо ҳамеша дар саросемагӣ, бе ягон таҳлили аниқ, бе муҳокимаи пешакии асосноки дохилиҳизбӣ, нопухта, номушаххас, умумӣ таҳия шуда, яку якбора дар рӯзи Анҷуман ба вакилон пешниҳод мешуданд. Мутаассифона, роҳбарияти ҳизб баъди мағлубият камбудии худро рӯпӯш намуда, ноӯҳдабароии худро ба вазъи ҷумҳурӣ ва рафти маърака нисбат дод. Чунин тарзи кор ба мо расм шудааст. Роҳбарияти ҳизб ба саволи мо, барои чӣ ҳизби коммунистӣ сол аз сол дар маъракаҳои сиёсӣ сазовори овози ками интихобкунандагон шуда истодааст, ҷавоб дода метавонад? Сабабҳои инро таҳлил кардаанд? Вале ба ҷои таҳлил сабаби бохти ҳизбро роҳбарияти ҳизб дар гӯё «сохтакорӣ»-и мақомот мебинад. Гӯё камбудӣ дар худи ҳизб вуҷуд надорад.
Дар Анҷумани ғайринавбатии соли гузашта мо шоҳиди саҳланкориҳои роҳбарияти ҳизб шудем. Оё Кумитаи марказӣ наметавонист як сол пеш стратегияи кумитаҳои ҳизбиро оид ба омодагӣ ба интихоботи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор диҳад, нақшаи мушаххас омода ва пешниҳод намояд? Оё хуб намешуд, агар роҳбарияти ҳизб барномаи пешазинтихоботии ҳизбро, номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳодшударо, аз ҷумла номзадҳои Кумитаи марказиро, тариқи маъракаи «праймериз» аввал дар ташкилот, баъд дар кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо мавриди баррасӣ қарор медод? Маҳз чунин тарзи кор демократияи ҳақиқӣ, шаффофиятро дар ҳизб инъикос менамояд. Лекин роҳбарият ба ин роҳ нарафт. Зеро хуб медонист, ки дар зинаҳои поёнии ҳизб вазъият, фикру андешаи коммунистон алалхусус дар вилояти Суғд, дигар аст ва аз эҳтимол дур набуд, ки натиҷаҳои амалӣ кардани чунин тарзи пешниҳоди вакилон ба роҳбарияти ҳизб маъқул намешуд.
Мо натавонистем ҳамаи он коммунистони арзандаро, ки на фақат дар ҳизб, балки дар байни интихобкунандагон обрӯю эътибори хоса доштанд, дар рӯйхати ҳизбӣ номнавис кунем. Бар замми он ба онҳое, ки аз номи ҳизб дар интихобот иштирок намуданд, баҳри ғалабаи онҳо кӯмак нарасонидем. Дар рафти ин маъракаи муҳим КМ равиши кори кумитаҳои ҳизбӣ ва ташкилотҳоро ба ҳоли худ гузошта, аз уҳдаи мутобиқгардонии ин маъракаи муҳим набаромад. Фаъолияти ситоди пешазинтихоботии ҳизб дар амал умуман набуд. Кумитаи марказӣ ақаллан зарур нашуморид, ки бо иштироки намояндагони ҳизб, ки дар интихобот ширкат меварзанд, алалхусус бо котибони якуми кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо, аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ, нозирони маҳаллӣ, котибони ташкилоти ибтидоӣ машварати корӣ оид ба омодагӣ ва омӯзиши технологияҳои нави интихоботӣ баргузор намояд. Чунин тарзи муносибат дар интихоботи пештара низ ҷой дошт. Ҳизби коммунист бо гузашти панҷ моҳ аз интихобот то ҳоло натиҷаҳои онро мавриди баррасӣ қарор надодааст. Роҳбарони ҳизб Шодӣ Шабдолов ва И.Талбаков ба ҷойи эътироф кардани шикасти худ ва андешидани чораи зарурӣ, баръакс ба танқиди беасоси мақомоти давлатӣ машғул мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Бо чунин тарзи кор роҳбарияти ҳизби коммунист умедвор ҳам буд, ки ба парлумони кишвар роҳ меёбад?
Ахмедов Ҷаббор: Роҳбарияти ҳизб мехост бе ташвиш, бо роҳи осон, дар Анҷуман тариқи фишороварӣ ба вакилон ва дастгирии наздиконашон аз ҳайати КМ, дар сархати руйхати ҳизбӣ аввал худро номнавис кунанд. Онҳо гумон доштанд, ки номнавис шуданашон дар сархати руйхати ҳизбӣ кафолати минбаъда барои гирифтани ду ҷой дар парлумони мамлакат хоҳад буд. Воқеият нишон дод, ки онҳо, «тушбераро хом шуморидаанд». Шуурнокии сиёсии мардуми кишвар мисли пештара нест ва онҳоро фиреб дода намешавад. Роҳбарияти ҳизб ноуҳдабароии худро ба сабабу омилҳои набуда нисбат медиҳад, ки чунин тарзи кор дуруст нест.
Умуман роҳбарияти ҳизб солҳои охир манфиати шахсии худро болотар аз манфиати умумиҳизбӣ медонистагӣ шуда, ба маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ роҳ медодагӣ шуданд. Мисоли равшани он дар интихоботҳои парлумонии соли 2010 ва 2015 зоҳир гардид. Дар съездҳои пешазинтихоботӣ маҳз мутобиқи гуфтугӯи пешакӣ роҳбарияти ҳизб ҳангоми номнавис кардани номзадҳо аз ҲКТ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, принсипҳои асосии демократияи дохилиҳизбиро поймол карда, пешниҳоди кумитаи вилояти Суғдро тамоман ба эътибор намегирифт. Алалхусус, принсипи ба эътибор гирифтани нуфуз ва шумораи коммунистони ташкилоти ҳизбӣ ба назар гирифта намешуд. Оё ташкилоти ҳизбии вилоят, ки қариб 17 ҳазор аъзо дорад ва калонтарин ташкилоти ҳизбӣ ба шумор меравад, сазовори чунин муносибат мебошад?
АМИТ «Ховар»: Шуморо роҳбарияти ҳизб ба ҷудоандозӣ дар ҳизб, ташкили гурӯҳҳо гунаҳкор мекунанд…
Ахмедов Ҷаббор: Албатта, ин ақидаи шахсии Шабдолов Ш. ва Талбаков И. буда, он аз ҳақиқат дур аст ва ягон асосе надорад. Аз таърих маълум аст, ки дар тамоми давраи фаъолияташ ташкилоти ҳизбии вилояти Суғд қувваи муттаҳидкунанда ва пешбаранда ба ҳисоб меравад.
Солҳои душвори 1991-1992 вақте, ки гурӯҳҳои реаксионӣ барои манъ кардани фаъолияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият мебурданд, кумитаи ҳизбии вилояти Суғд такягоҳи асосии ҳизби комунисти Тоҷикистон буд. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои душвор, бо истодагарии устуворонаи котиби якуми кумитаи ҳизбии вилоят Мирхолиқов Т.М. фаъолияти Кумитаи Марказӣ дар вилоят ба роҳ монда шуда, роҳбари ҳизб Шабдолов Ш.Д. низ, дар вилояти Суғд пуштупаноҳ ёфта буд. Ин далелҳои раднопазиранд.
18 октябри соли 2014 ман дар пленуми кумитаи вилоятии ҳизб ба рафиқон Талбаков И. ва Мирасанова З., ҳуқуқшиноси КМ Фаизи Олӣ таклиф карда будам, ки комиссияи бетараф таъсис дода шавад ва роҳбарияти ҳизб даъвоҳои худро бо асос ва далелҳо ба пленуми кумитаи вилоятӣ пешкаш намояд. Ман дар пленум таклиф кардам, ки бигзор роҳбарияти ҳизб кадом мақсади ман, амалам ҷудоандозӣ дар ҳизб мебошад, баён намоянд, кадом гурӯҳро таъсис додааму аъзои он киҳоанд, нишон диҳанд. Вале ҳамаи он саволҳои ман беҷавоб монданд. Ягон комиссия ташкил дода нашуд ва агар шуда бошад ҳам бо ман ва аъзои кумитаи вилоятӣ вонахурдааст.
Худ тасаввур кунед, чӣ тавр Ахмедов қодир будааст, ки дар ҳизб ҷудоандозӣ кунад? Оё аъзои кумитаи ҳизбии вилоят, ки шахсони ботаҷрибаю кордон ва соҳиби обрӯву эътибори хоса ҳастанд, коммунистони вилоят, ки наздики 17000 мебошанд, роҳ медиҳанд, ки ман ҷудоиандозӣ кунам? Агар аъзои кумитаи вилоятии ҳизб нисбат ба ман шубҳа медоштанд, маро пас аз анҷоми анҷуман вазифадор намекарданд, ки роҳбарии ташкилоти вилоятии ҳизбро давом диҳам. Гумон мекунам, кӯтоҳандешии сиёсии роҳбарияти ҳизб ба ин вазъият, яъне парешонӣ ва номуттаҳидӣ дар миёни аъзои ҳизб оварда расонд.
АМИТ «Ховар»: Солҳои охир эродҳои танқидӣ нисбат ба фаъолияти роҳбарони ҳизб бисёр садо медиҳанд. Шумо ба ин чӣ гуфта метавонед?
Ахмедов Ҷаббор: Дар бораи фаъолияти дохилиҳизбӣ ҳоҷати гап гуфтан ҳам нест. Фаъолият дар ин самт тамоман ба ҳоли худ (самотёк) гузошта шудааст. Тартиби фаъолият ва коргузорӣ дар ҳизб гувоҳи ин суханонанд. Дар давоми 10-15 соли охир роҳбарияти ҳизб ягон чорабинии муҳими дохилиҳизбиро баргузор накард. Ба ғайр аз ивази ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, ки он ҳам ба ҷои як сол се-чор сол тӯл кашид, ягон чизи ба хотир меовардагӣ нест. Ягон чорабиние, ки халқи Тоҷикистон аз он бохабар буд, гузаронидем? Мо чӣ будани ташкилоти ибтидоиро аз хотир баровардем. Гӯед, ки дар кадом ташкилоти ибтидоии вилояти Суғд, роҳбарияти ҳизб рафта иштирок ва баромад намуд. Кадом вақт мо дар пленум ва ё Президиуми КМ масъалаи муҳими дохилиҳизбӣ, ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакатро мавриди баррасии босифат қарор додему қарорҳои қабулкардаамонро ба кумитаҳои ҳизбӣ равона намудем. Вақте ки мо дар аксарият ҳолат дар бораи қарорҳои қабулшуда ахборот надорем, пас чӣ тавр дар бораи иҷрои он сухан ронем. Чаро «яроқи зеҳнӣ»-и мо газетаи «Коммунисти Тоҷикистон» мунтазам нашр намешавад? Роҳбарияти ҳизб сабаби асосии онро дар набудани маблағ мебинад, ки тамоман нодуруст аст. Зеро роҳбар барои ҳамин ҳам интихоб мешавад, ки маблағро дарёфт намояд. Сониян барои бартараф кардани бисёр аз камбудиҳои зикргардида захираҳои маблағӣ зарурият надоранд. Пеш аз ҳама хоҳиш, масъулият зарур аст, ки мо онро солҳои охир дар фаъолияти ҳизб ҳис намекунем. Ё худ мо наметавонистем, ки баҳри пешгирӣ кардани ҳолатҳои қалбакӣ кардан, чашмбандӣ намудан, саҳлангорона муносибат кардан, ки ҳоло ҳам дар ҳизбамон ҷой доранд, чораҳо андешем. Магар барои гузаронидани маъракаи софкории умумиҳизбӣ маблағҳои иловагӣ заруранд? Чаро семинарҳои умумиҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ гузаронида намешаванд. Охирон маротиба он соли 2003 дар Истаравшан бо ташаббуси кумитаи вилоятии ҳизб гузашта буд. Ё худ магар дар Оинномаи ҲКТ камбудиҳо каманд? Ҳама ҷанҷолҳои дар солҳои охир ба амал омада алалхусус вобаста ба интихобот, вобаста ба интихоби котиби кумитаи ҳизбии вилоят ин камбудиҳои ҷиддии Оиннома ҳастанд. Зеро, ки оиннома манфиатҳои шахсии роҳбарияти ҳизбро инъикос ва муҳофизат мекунад. Бинобар он пешниҳод оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо аз тарафи роҳбарият дастгирӣ намеёбад. Чаро солҳои тӯлонӣ мо дар роҳбарияти ҳизбамон, дар ҳайати КМ, Президиум симоҳои нав, ҷавонони болаёқатро, сазовори обрӯю эътибори ҷомеа гаштаро кам мебинем? Мо дар пленуми кумитаи вилоятии ҳизб синну соли миёнаи аъзоёнамонро ҳисоб намудем ва он тақрибан ба 60 наздик буд. Ягон нафаре то синни 50 сола нестанд. Чунин тарзи кор оқибаташ ба чӣ оварда мерасонад, худ қазоват кунед. Чунин ба чашм мерасад, ки роҳбарияти ҳизб аз кори дохилиҳизбӣ худро канор гирифтааст. Фақат дар арафаи маъракаҳои калони сиёсӣ алалхусус интихоботи Президенти мамлакат ё интихоботҳои Маҷлиси Олӣ ва маҳаллӣ роҳбарияти ҳизби коммунист аз хоб бедор мешаванд. Аз кори дохилиҳизбӣ роҳбарияти ҳизбамон чунон дур шудаанд, ки ба хатогиҳои калон роҳ медиҳанд. Алалхусус қарори Президиуми КМ аз санаи 27 сентябри соли гузашта, ки дар он дар шакли таҳдид, фишороварӣ, зӯроварӣ ба се нафар аъзоёни Президиуми КМ супориш дода мешавад, ки иҷрои банди 1 қарори мазкурро таъмин намоянд. Ин дар сурате, ки салоҳияти масъалаҳои мазкур мутобиқи Оинномаи ҳизб ба салоҳияти кумитаи вилоятии ҳизб тааллуқ дорад. Ин аст нишонаи беҳурматӣ, паст задани шаъну шарафи мақоми роҳбарикунандаи ташкилоти ҳизбии вилоят ва аъзои он, ки дар байни мардуми вилоят обрӯю эътибори хоса доранд. Ақаллан ҳамин банди қарори КМ бо меъёрҳои мушаххаси оинномаи ҳизб мутобиқ ва асоснок карда мешуданд, гап набуд. Ё худ қарор аз 13 сентябри соли 2013 дар бораи даъвати Анҷумани ХХХ1 ғайринавбатии ҲКТ ба якчанд талаботи оинномаи ҳизб мутобиқат намекунад. Тибқи ин қарор интихоби вакилони Анҷумани мазкур ба зиммаи пленумҳои кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо гузошта шуда буд. Ҳол он ки мутобиқи бандҳои 9 ва 16 боби сеюми оиннома ин ваколати танҳо конфренсияҳо ё маҷлисҳои умумии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ мебошад.
Рафтору кирдори роҳбарияти ҳизб ба хулосае меорад, ки гӯё ба онҳо (раиси ҳизб) «ба хотири саҳми арзанда ва назарраси шахсиашон дар ташаккулёбии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият» ҳама кор раво бошад. Шабдолов Ш. маҳз бо номи ҳизби коммунист тӯли даҳсолаҳо дар парлумон курсӣ дошт. Аз ин лиҳоз, рафтору кирдори Шодӣ Шабдолов таҳти шиори «ман ҳизбро ҳимоя кардам, ҳама гурехтанд ва фақат ман онро тавонистам нигоҳ дорам» аз рӯи одоб нест. Ҳизби коммунистӣ «вотчинаи» ягон нафаре набуд ва ҳеҷ гоҳ намешавад. Аз ин рӯ ба роҳбарияти ҳизб зарур аст, ки гуфтаҳои танқидии моро холисона қабул намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд. Вақти он расидааст, ки дар фаъолияти дохилиҳизбиамон мо бояд дигаргуниҳои куллиро амалӣ намоем.
Маълумотномаи АМИТ «Ховар». Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович, соли 1955 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шуда, аз соли 1981 узви Ҳизби коммунист мебошад. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) буда, соли 1990 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Минскро бо дипломи сурх хатм кардааст. Дар сохторҳои гуногуни ҳизбӣ: кумитаи комсомолӣ ва кумитаи ҳизбии вилояти Суғд дар вазифаҳои пурмасъул фаъолият кардааст. Ба сифати роҳбари маркази матбуот — иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси вилояти Суғд кор карда, ҳоло депутати парлумони мамлакат мебошад. Солҳои 2000-2005 низ Ахмедов Ҷ. депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.