Ғалабаи “Равшан” “Регар- ТадАз” бар “Барқи тоҷик”-у“Парвоз”

Август 10, 2015 06:57

Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,  Меҳрони   Қурбон)-Се бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи  8 август,  баргузор шуд.Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон  дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Барқи тоҷик”-ро қабул кард. Ин нахустин бозии дастаи “Равшан” зери роҳбарии Тоҳир Муминов буд ва хушбахтона барои сармураббии нав, бозии якум бобарор шуд. Дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардид.Ёдовар  мешавем, ки дар  бозии  дигар дастаи “Регар-ТадАз”-и Турсунзода дастаи “Парвоз” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод,бозии байни дастаҳои КМВА “Помир” бар “Далерон-Уротеппа” бо ҳисоби 1 бар 0  анҷом  ёфт. 

Август 10, 2015 06:57

Хабарҳои дигари ин бахш