Ҳалокати 2 ронанда бар асари садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз 26-уми августи соли 2015, дар роҳи нақлиётгарди Анзоб-Майхура дар ағбаи Анзоб-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба чархи автомашинаи тамғаи Хундай-Портер, таҳти идораи ронанда, марди 41-солаи сокини ш. Истаравшан бархӯрда, аз зарби он автомашина ба чуқурии 200 фурӯ афтод. Ронанда ва мусофираш ҷавони 25-солаи сокини ш. Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки 25-уми августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ. Расулов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрд ва ҷароҳати вазнини чисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






