Ҳамаи ободиҳо аз роҳ аст

Август 31, 2015 06:28

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар” Ҳотами Шариф). Таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ҳамин рӯзҳои наздик комиссияи корӣ таъсис меёбад ва ба қабули роҳи мазкур шурӯъ хоҳад кард.
    Дарозии умумии роҳ 57км буда аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода 45,3км бо паҳноии 25,5м ва ҳаракати чорхаттаи нақлиёт ба категорияи якум, аз шаҳри Турсунзода то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11,7 км бо паҳноии 15м ва ҳаракати духаттаи нақлиёт ба категорияи дуюм дохил мешавад. Дар роҳи мазкур 9 адад кӯпрукҳо сохта ва ё барқарор карда шуд. Роҳсозон  213 адад қубурҳои обгузар 117 24м квадратӣ такядевор, 48720м тахтасанги канори роҳ ва ғайраро бо сифати баланд сохта, ба истифода доданд. Дар айни ҳол чароғон кардани мавзеъҳои аҳолинишини роҳ босуръат идома дорад.

 

Август 31, 2015 06:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст