Ҳамлаи террористӣ дар Миср: 2 нафар ҳалок ва 27 кас захмӣ гардиданд
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — 24 август ҳамлаи террористии навбатӣ, дар ҳудуди Миср ба амал омад. Дар натиҷаи таркиши навбатӣ дар як автобус , ки кормандони полиси Миср қарор доштанд, ду нафар ҳалок ва 27 каси дигар захм бардоштанд. Дар ин бора нашрияи мисрии Ahram Online хабар медиҳад.
Таркиш дар резишгоҳи Нил дар вилояти Бахейр, 260 километрии шимоли Қоҳира ба амал омад, ки он вақт кормандони пулис, бо автобус ба кор мерафтанд. То ҳол масъулияти ин ҳамларо ягон гурӯҳи терористӣ ба ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Миср бар он боваранд, ки ин кори дасти исломгароёни ба ном Давлати Исломӣ аст.
Тавре ба назар мерасад, Миср солҳои охир ҳарчӣ бештар ҳадафи террористон ба ном «Давлати Исломӣ» қарор мегирад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






