Ҷамъоварии ҳосили ғалладона

Август 5, 2015 04:06

Душанбе, 05.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, имрўзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии  ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладона муташаккилона идома дарад. 
Ба иттилои манбаъ,  соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки то санаи 31.07.2015 майдони 247958 гектари он даравида шудааст. Ҳосили 240855 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19847 гектар зиёд аст. Ҳосили умумии ғалладона микори 680578 тонна буда  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 47300,5 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 28,3 сентнериро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки миқдори комбайнҳои ғалладарав дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладона 989 ададро ташкил медиҳанд, ки дар айни замон 263 адади он мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

 

Август 5, 2015 04:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст