Ҷамъоварии ҳосили ғалладона
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки то 21 августи соли 2015 майдони 282432 гектари он даравида шудааст. Ҳосили умумии ғалладона миқдори 752537 тонна буда, нисба ба ҳамин давраи соли гузашта 84152,3 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,1 сентнериро ташкил медиҳад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143337 гектар кишти ғалладона гузарониданд. Майдони 136683 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6470 гектар зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,6 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд дар майдони 112765 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст ва майдони 91147 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосилнокӣ то 21 августи соли равон миқдори 161387 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53605 тонна зиёд мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






