Қатли муаллими мактаб

Август 3, 2015 12:44

 Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи якшанбеи гузашта дар минтақаи Нуристони Афғонистон ҷанговарони гурӯҳи Толибон омӯзгори мактабро, ки се рӯз пеш рабурда буданд, ба қатл расониданд.
Мувофиқи суханони намояндаи пулиси сарҳадӣ бадхоҳон муаллими мактабро дар ноҳияи Камдеш, дар наздикии сарҳади Покистон паронданд. Муаллим аз зарби тирҳои ҷонкоҳ ба ҳалокат расидааст. 
Ба қавли оҷонсии иттилоотии «Бохтар» то ҳоло намояндагони ҳаракати «Толибон» ин куштори ваҳшиёнаро шарҳ надодаанд.
 

Август 3, 2015 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш