Авбошӣ ба куштор анҷомид
Душанбе, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — 29 июли соли ҷорӣ тахминан соати 01:00 дақиқа дар назди “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Рӯшон шаҳрвандон-Фарҳодов Наҷиб, соли таваллудаш 1992, Акобиршоев Сиёвуш, соли таваллудаш 1996, Рӯзадоров Раҳмат, соли таваллудаш 1995, Кименов Бадавлат, соли таваллудаш 1995, донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун, Шакарбеков Хушбахт, соли таваллудаш 1987, Хушқачинов Шоҳхуррам, соли таваллудаш 1997, Фатҳуллоев Алишер, соли таваллудаш 1993, Юсуфшоев Арун, соли таваллудаш 1985 ва Сардоров Тавакал, соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Рӯшон, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-Крузер” Ёқубов Асрат, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Барӯшонро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа шаҳрванд Ёқубов А.С., зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ бардошта, рафта аз хонаи истиқоматиаш тапончаи тамғаи “Макаров”, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ менамояд. Дар натиҷа шаҳрванд Кименов Б., донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони дар боло номбаршуда дастгир гардиданд.
Ҳамчунин, гумонбар дар ҷинояти куштор шаҳрванд Ёқубов Асрат, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон, ронандаи мусофиркаши хатсайри Душанбе-Рӯшон дастгир гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Далели шайъӣ силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






