Авбошӣ ба куштор анҷомид

Август 1, 2015 06:43

Душанбе, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — 29 июли соли ҷорӣ тахминан соати 01:00 дақиқа дар назди “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Рӯшон шаҳрвандон-Фарҳодов Наҷиб, соли таваллудаш 1992, Акобиршоев Сиёвуш, соли таваллудаш 1996,  Рӯзадоров Раҳмат, соли таваллудаш 1995, Кименов Бадавлат, соли таваллудаш 1995, донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун, Шакарбеков Хушбахт, соли таваллудаш 1987, Хушқачинов Шоҳхуррам, соли таваллудаш 1997, Фатҳуллоев Алишер, соли таваллудаш 1993, Юсуфшоев Арун, соли таваллудаш 1985 ва Сардоров Тавакал, соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Рӯшон, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-Крузер” Ёқубов Асрат, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Барӯшонро лату кӯб намудаанд. 
Дар натиҷа шаҳрванд Ёқубов А.С., зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ бардошта, рафта аз хонаи истиқоматиаш тапончаи тамғаи “Макаров”, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ менамояд. Дар натиҷа шаҳрванд Кименов Б., донишҷӯи бахши дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аз қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони дар боло номбаршуда дастгир гардиданд.
Ҳамчунин, гумонбар дар ҷинояти куштор шаҳрванд Ёқубов Асрат, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон, ронандаи мусофиркаши хатсайри Душанбе-Рӯшон дастгир гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Далели шайъӣ силоҳи оташфишони таппончаи “Макаров” гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Август 1, 2015 06:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд