Ҷавондухтарон ба ҳизбу равияҳо ва либоспӯшии бегона

Август 22, 2015 06:31

 Душанбе,  22.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ бо иштироки 150 нафар  фаъолзанони ноҳия  баргузор гардид.
 Дар вохӯрӣ Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва шоира Нуқраи Суннатиён  суханронӣ  намуданд.
Дар ин сӯҳбат  аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба расму русум ва  фарҳанги волои миллӣ, аз ободиву осудагии кишвар, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу равияҳо  ва либоспӯшии бегона  ибрози ақида карда шуд.

 

Август 22, 2015 06:31

Хабарҳои дигари ин бахш