Аввалин ҳамлаи ҳавоии Амрико аз «Анҷирлик» бар зидди ДИИШ

Август 6, 2015 02:49

 Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода).- Амрико аввалин ҳамлаи ҳавоии худро ба мавзеъҳои ДИИШ дар шимоли Сурия аз пойгоҳи ҳавоии «Анҷирлик» дар Туркия анҷом дода аст. 
Ба гузориши хабаргузории СNN, як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ бори нахуст мавзеи террористони ДИИШ дар хоки Сурияро мавриди ҳадаф қарор дод. Манбаъ меафзояд, ҳавопаймоҳои артиши Аирико ҳанӯз аз пойгоҳи ҳавоии «Анҷирлик» хориҷ нашудаанд.

Август 6, 2015 02:49

Хабарҳои дигари ин бахш