Ба ҷони Хайриддини Абдулло кӣ суиқасд кард?

Август 14, 2015 08:03

Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Бегоҳии 7-уми августи соли равон шахсони номаълум дар яке аз кӯчаҳои Маскав ба ҷони исломшиноси ҷавони тоҷик Хайриддини Абдулло суиқасд карданд. Дар натиҷаи чанд зарби корд Хайриддини Абдулло ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхонаи ба номи  Склифосовский бистарӣ гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кард. Ҳоло вазъи саломатии Хайриддини Абдулло муътадил буда, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муяссар шуд, ки бо ӯ суҳбати кӯтоҳе анҷом диҳад.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо кадом сабабҳо боиси ташкил шудани суиқасд ба ҷонатон шудаанд: фаъолияти ҷамъиятӣ, хусумати шахсӣ, тасодуф ё ягон омили дигар?
Хайриддини Абдулло: Чуноне ба ҳамагон маълум аст Русия майдони фаъолият ва кору рафтори ДИИШ гардидааст, барномарезиҳои ДИИШ дар ин кишвар рӯз ба рӯз авҷ мегирад. Ман ҳудуди чандин моҳҳост, ки  шабу рӯз бо инҳо зиддият дорам, ҳар куҷое ҷамъият мекушоянд он ҷамъияташонро дар расонаҳо фош мекунам ва фаъолияти онҳо қатъ мешавад. Дар ҳар масҷиде, суханронӣ доранд, аз суханронишон бозмедорам. Хусусан, давоми ду-се моҳи охир аҳвол ба ҳамин буд, то ин ки ҷони онҳо ба лаб омад, зеро чӣ коре ҳам карда наметавонистанд. Билохир рӯзе шуд, ки соати 11-и шаб ман аз метро берун баромадам. Як замон дидам, ки чор нафар ба ман нигоҳ мекунанд, нигоҳашон нигоҳи душманона буд, аммо ман аҳамият надодам ва рафтам ба роҳи худ. Баъди 10-20 қадам гузоштан ба қафо нигоҳ кардам, ки нохост яке аз онҳо дар дасташ ханҷар ҳамла кард. Ханҷар дар гардан даромад, ман ба замин афтидам ва хостам он нафарро аз пояш бардорам аммо дастонам дигар ҳаракат накарданд. Онҳо, се-чор нафар ба лагад ва шатта ба баданам мезаданд. Баъд аз ин ҳам ором нашуданд ва бо ханҷар ба пуштам заданд. Охирин қувваи баданро ҷамъ оварда, дод задам, ки онҳо баъд аз ин фирор карданд. Баъд аз ин телефонро гирифта, ба яке аз рақамҳо  занг задам ва ҳолати корро фаҳмонида гуфтам, ки зуд бошед. Баъди якчанд дақиқа мошини ёрии таъҷилӣ пулис ва намояндагони сафорат омаданд.
АМИТ «Ховар»: Мегӯянд онҳое ки ба ҷони Шумо сӯиқасд карданд, ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд.
Хайриддини Абдулло: Ба ростӣ садояшонро нашунидам, аммо чеҳра — чеҳраи тоҷикӣ буд, риши дароз, шакл — шакли салафияву ваҳҳобия, синну солашон ҳам аз 30 боло буд.
АМИТ «Ховар»: Соли 2012 низ Шуморо ашхоси номаълум лату кӯб карда буданд, фикр намекунед, ки он лутукӯб ба ин сӯиқасд рабт дорад?
Хайриддини Абдулло: Албатта рабт доранд. Бубинед, ки дар тамоми масҷидҳои марказӣ ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, алайҳи салафия, ваҳҳобия қиём кунад, ҳатто номи ДИИШ-и террористро ба забон бигирад.
АМИТ «Ховар»: Овоза ҳаст, ки ба ҷони Шумо ҷонибдорону пайравони ҳизби наҳзати исломӣ суйқасд ташкил карданд…
Хайриддини Абдулло: Намедонам, вале аз эҳтимол дур намедонам, зеро дар баромаду мақолаҳоям баъзан ин ҳизбро низ танқид кардаам. Дар сафҳои он бошад, одамкушҳои ботаҷриба кам нестанд. Аслан ман чунин ҳизберо тарафдор нестам, аз будану нобуданаш ҳеҷ фарқият нест. Агар ҳизби наҳзат вуҷуд медошт, барномаи фарҳангӣ, ман намегӯям барномаи мазҳабӣ, як барномаи ҳофизшиносӣ, маснавишиносӣ, саъдишиносӣ таҳия мекард. Вале ман ба ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ дилбастагиву эътимоде надорам.
АМИТ «Ховар»: Шумо гуфтаед, ки ҳаволаи ҳамлагаронро ба худо кардам. Шумо шахсе ҳастед, ки дар минбари масҷидҳо ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ, ифротгароӣ баромад мекунед, ҷавононро аз гаравидан ба ин гурӯҳҳо бозмедоред, таъкид мекунед, ки манфиатдорон бо истифода аз дини ислом созмону ҳизбҳоро роҳандозӣ кардаанду одамонро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд. Бинобар ҳамин чора наандешидан нисбат ба ин ашхос шояд ба он оварда расонад, ки минбаъд низ ба ҷонатон чунин сӯиқасдҳо сурат мегиранд.
Хайриддини Абдулло: Бинед, ки инҳо як гурӯҳи хурд ҳастанд. Чунин кишваре бо номи «Давлати исломии Ироқу Шом» вуҷуд надорад. Чунин халифае, пешвое бо номи ДИИШ вуҷуд надорад. Ин ҳама номҳои бофтаву сохта ҳастанд. Дар ин гурӯҳ нафарони аз миллати худ рӯ гардонида, аз мазҳаби худ рӯ гардонида, омаданд дар доми фиребу найранги созмондиҳандагони бадсиришти он афтоданд. Инҳо теъдодашон кам ҳаст, то ҷое, ки ба ҳамагон маълум аст онҳо аллакай байни худ ба се гурӯҳ ҷудо шудаанд. Дар байни онҳо ягон донишманд нест. Барномарезони ДИИШ мехоҳанд дар Осиёи Миёна ба воситаи баҳсу ҷангҳои мазҳабӣ талотум хезонанд. Ин баҳси мазҳабӣ дар Тоҷикистону Мовароуннаҳр авҷ мегирад. Барномаи ДИИШ дар Мовароуннаҳр пахш мешавад. То имрӯз баҳси шиаву суннӣ дар ин кишварҳо набуд, шиамазҳаб низ худро мусулмон мегуфт, суннимазҳаб низ. Ба якдигар духтар медоданд, хешу табор мешуданд. Имрӯз чӣ рӯз аст, ки бо шиамазҳаб салом кардан одам аз ислом хориҷ мешуда будааст?! Бо яҳудият нон хӯрдан дуруст будаасту бо шиа салом кардан аз ислом хориҷ мешавӣ? Ин гуна андешаи ботилу ноҳақу нораворо худи ДИИШ дар зеҳни тоҷикони бесавод ҷорӣ карда истодаанд. Албатта на ҳама тоҷикон ин гапҳоро қабул мекунанд. Ҳар касе ки худоро, исломро, қуръонро қибларо қабул дорад, мо ӯро мусулмон мешуморем. Агар мусулмононро ба шиаву суннӣ тақсим кунем, мефаҳмем, ки ҳамагӣ даҳ фоиз аз суннимазҳабон ва даҳ фоиз аз шиамазҳабон ифротгаранд. Мо бояд мусулмонон, чӣ шиаву чӣ суннимазҳаб ин даҳ фоизро ором кунем, зеро онҳо намегузоранд мусулмонҳо осуда бошанд.
Ҳизбсозиҳо низ дар ислом аз ҷумлаи ҳамин хатарҳост. Аслан, исломи азиз ба ҳеҷ ҳизбу ҷараён ва гурӯҳ эҳтиёҷот надорад. Дар тӯли таърих мусулмонон ҳама вақт аз ин гурӯҳбозиҳо ситам дидаанд.
АМИТ «Ховар»: Тавре ки маълум аст, ба Сурия ва Ироқ аксаран муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб карда мешаванд. Шумо ки дар Маскав ҳастед ва бо вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ чандин сол боз аз наздик ошно ҳастед, метавонед бигӯед, ки кадом омилҳо онҳоро ба майдони ҷанг ба кишвари бегона мебарад?
Хайриддини Абдулло: На ҳама муҳоҷирон бо онҳо мепайванданд, балки он ҷавононе ки ифротгаранд бо ДИИШ мепайванданд ва террорист мешаванд. Ин ҷавононро бояд аз ин роҳ баргардонид. Садову симои Тоҷикистон бояд ин шабу рӯз 24 соат тамоми дурӯғгӯӣ, маккорӣ, фиребу шайтонии ДИИШ ва дигар созмону гурӯҳҳои ифротии ба ном «исломӣ»-ро ошкоро барои мардум фош кунанд. Муллоҳо бояд дар минбарҳо дӯстиву рафоқати байни мусулмононро ташвиқ кунанд. Чаро имрӯз дар кишвар баъзе аз муллоҳо метарсанд, ки ҳақиқатро ба мардум бигӯянд. Бояд пеши роҳи ифротиҳои исломиву ҳизбӣ гирифта шавад. Ҳукумат ошкоро гӯяд, ки ҳукумати мо ҳукумати демократист ва дар ҳукумати демократӣ ҳама мусулмонон бояд баробар бошанд.
Ҷавонон набояд фирефтаи ин иғвогарон шаванд.
 
  

 

Август 14, 2015 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад