Бахши забони арабии сомонаи нави АМИТ “Ховар” фаъол шуд

Август 3, 2015 09:03

Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахши арабии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав фаъол гардид.
 Бахши арабии ин сомона мисли бахшҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсии сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шудааст. 
 Акнун тамоми маводи иттилоотӣ бо фаврияти баланд ва саҳеҳият дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ  ва ҳуруфоти форсӣ ҷойгир мешаванд. Дар ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ низ дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун мақоми марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи ягонаи иттилооти расмии Тоҷикистон шинохта шуда, пахши ахбори расмӣ бо забонҳои гуногун ба муаррифии бештари Тоҷикистон ва воқиф намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рӯйдодҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад.    

 

Август 3, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст