Бар асари як ҳамлаи террористии «Боко ҳарам» 150 нафар кушта шуд

Август 19, 2015 03:12

Душанбе, 19.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бар асари як ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Боко ҳарам» дар деҳаи Кукува-Гарӣ дар Иёлоти Йобеи Нигерия 150 нафар ҳалок гардид. Дар ин бора 18 август «ТАСС» иттилоъ дод. 
Бино ба иттилои манбаи агентии иттилоотии «France-Presse», аксари қурбоншудагон ҳангоми фирор аз ҳамлаҳои ифротгароён ба нуқтаи аҳолинишин ба дарёи маҳаллӣ афтодаанд ва боқимондаро ифротгароён куштаанд.  
Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, даҳҳо ҷангиён савори мотосикҳо дар деҳаи Кукува-Гарӣ тохту тоз карда, тарафи аҳолӣ тир холӣ кардаанд. 
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июл ҷангиёни «Боко ҳарам» ба деҳаи Кукува-Гарӣ бо 30 мотосикл чунин як ҳамла анҷом дода, 10 нафарро кушта буданд. 

Август 19, 2015 03:12

Хабарҳои дигари ин бахш