Барқияи табрикоти А.Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Август 10, 2015 10:18

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода варзишгарони кишварро бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10-уми август дар тамоми дунё таҷлил мегардад, табрик намуд.
Ахтам Абдуллозода, варзишгаронро беҳтарин муаррифгар, номбардор ва Парчамбардорони кишвар номида, онҳоро ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки маҳз ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онон  ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик намуд.
Аз ҷумла дар пайёми табрикотии Абдуллозода омадааст: Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки варзиш рӯз ба рӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он овардаанд. Рӯй овардани ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид гузоштааст. 
Эълон гардидани 10 август  ҳамчун Рӯзи варзишгарон ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад. 
Имрӯз соҳаи варзиш дар меҳвари сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар  қарор гирифта, нисбат ба варзишгарон дастгирию ғамхориҳо пайваста зоҳир карда мешаванд. Аз ҷумла, таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон аст, гувоҳии ин аст.
Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардида, дар ин замина варзишгарони тоҷик борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами миллии кишварро баланд бардоштаанд. 
Воқеан ҳам дар замони муосир варзиш яке аз воситаҳои асосии муаррифии кишвари соҳибихтиёри мо дар байни ҷомеаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, таҷлили Рӯзи варзишгарон ҳамасола дар кишвар барои тамоми варзишгарону алоқамандон ва собиқадорони соҳаи варзиш тӯҳфаи арзанда мебошад.  

 

Август 10, 2015 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд