Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз қисмҳои ҳарбӣ
Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои дохилии мамлакат Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Панҷ рафта, аз қисмҳои ҳарбии 2610 ва 2630 қӯшунҳои сарҳадӣ боздид ба амал овард.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» корманди масъули ВКД Маҳбуба Гулова иттилоъ дод, Рамазон Раҳимзода ба дидбонгоҳи сарҳадии мавзеи Қафлотун ташриф оварда, дар маросими кушодани лӯлаи об иштирок намуд. Мавриди қайд аст, ки лӯлаи об аз дарёи Панҷ оварда шуда, қисми низомӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва тармиму таҷдид дар қисми низомӣ дидан намуда, ба масъулин барои босифат анҷом додани корҳои созандагӣ дастуру супоришҳо дод. Рамазон Раҳимзода бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳвол, шароит ва рафти хизматбарии онҳо пурсон шуд. Таъкид карда шуд, ки сарвари давлат ва роҳбарияти ҳукумати мамлакат барои дар шароити мусоид хизмат намудани афсарону сарбозон тамоми тадбирҳоро андешида, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳамчунин ба қисми ҳарбии 2630 қӯшунҳои сарҳадӣ ташриф оварда, бо шароити хизматбарии сарбозон ошноӣ пайдо намуд. Зимни шиносоӣ Вазири корҳои дохилӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҷойи хоб, ошхона, сартарошхона, ҳаммом ва дигар иншооти моддӣ-маишии онҳо дидан кард.
Зикр гардид, ки сарбозони далеру шуҷои Ватан барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ҳамеша омода буда, аз ӯҳдаи вазифаҳои ба дӯшашон вогузоршуд бо сарбаландӣ мебароянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






