Боздошт шудани ёрдамчии калони комиссари ҳарбӣ

Август 26, 2015 12:32

Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар рафти амалиёти муштараки оперативӣ-тафтишотии кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз бордони мошинаи тамғаи «Тайота-кемри» маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. 
Маълум гардид, ки маводи мухаддирро сардори зершӯъбаи 2-юми комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ Седшоев Шараф ба ивази 3500 доллари ИМА аз шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон харидорӣ кардааст. Седшоев Шараф бо маслиҳати пешакӣ маводи мухаддирро ба шаҳрванд Имомдодов Сарвар медиҳад. Номбурда дар навбати худ, маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе интиқол дода, дар манзили муваққатии зисташ ғайриқонунӣ нигоҳ медорад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, нашъаҷаллобон аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ҳангоми ба фуруш  баровардани маводи нашъаовар боздошт гардиданд. 
Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки маводи хокамонанд воситаи нашъаовари навъи «ҳашиш» буда, вазни умумии онҳо  14 килограмму 400 граммро ташкил медиҳад.
Аз  рўи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида, тафтишот идома дорад.

Август 26, 2015 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд