Чорводорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷиргатол

Август 5, 2015 05:19

Ҷиргатол, 05.08. 2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-  Дар бахши ҷамъиятии ноҳияи Ҷиргатол саршумори чорвои калон 2436 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта — 124 сар зиёд мебошад. Аз ин саршумори модаговҳо  475  ва саршумори моли майда  17315  (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1768 сар зиёд) буда, аз ин саршумори моли майдаи наслдиҳанда 5035 торо ташкил менамояд. Аз саршумори умуми  1768 сар чорвои моли майда зиёд мебошад.
Дар ин радиф ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ Стансияи байтории ноҳияи Ҷиргатол аз аввали сол то ин ҷониб як қатор чорабиниро барои  пешгирии касалиҳои сироятии чорво гузаронидааст.  
Дар айни замон иҷрои чорабиниҳои марбут ба пешгирии касалиҳои сироятии чорво мувофиқи нақша таъмин гардида истодааст. Мутахассисони стансияи бойтории ноҳия дар бахши давлатӣ ба 15177  сар чорвои майда ва 2276  сар чорвои калони шохдор хизмати бойтори мерасонанд.   
Бар  зидди бемории «Сияҳрон» -6953 сар ва бемории сумдард  9559   чорвои   калон  шохдор  дар ин давра   эмгузарони карда  шуданд.

   
      
     

Август 5, 2015 05:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст